Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи эълон гардидани Соли 2025″Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар китобхонаи марказии ноҳия ба мутолиаи китоб машғул гардиданд. Ин иқдом бо ҳадафи тарғибу ташвиқи фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани […]
Хабарҳо
МАҶЛИСИ КОРӢ ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАДУРДИНЗОДА ИБОДАТ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг маҷлиси корӣ таҳти раёсати муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Бадурдинзода Ибодат баргузор гардид. Дар маҷлис масъулини бахшҳои иҷтимоӣ, мудирони шуъбаҳо ва раёсатҳои марбута, намояндагони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ва занон иштирок доштанд. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими рӯз, аз […]
КОРМАНДОНИ ИДОРАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДАР ТОЗАВУ ОЗОДА ВА САРСАБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНИДАНИ БОҒУ ГУЛГАШТҲО САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД
Бо мақсади ободонии муҳити зист ва зебо нигоҳ доштани симои ноҳия, кормандони Идораи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ховалинг пайваста дар корҳои сабзкорӣ, тозакории партовҳо ва нигоҳдории боғу гулгаштҳо саҳми назаррас мегузоранд. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар доираи ҳашарҳои умумӣ кормандони ин ниҳод бо масъулияти баланд дар қатори дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ободонии ноҳия […]
САРСАБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНИДАНИ ҲАР ЯК ГӮШАИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ
Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳия кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо дар шанбегии умумӣ фаъолона иштирок намуда, майдони фурудгоҳро аз алафу хасҳои хушк тоза карданд. Ҳамчунин, дар боғу гулгаштҳо дарахтон, гулҳо ва буттаҳоро об дода, дар зебо гардонидани муҳити зист ва гӯшае аз диёри худ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
ТАШАББУСИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ САНГОВАКИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУНК ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ
Дар асоси сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таи солҳои охир чиқадар корҳои барои солимгардонии миллат дар самти варзиш ба анҷом расонидааст, имрӯз дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби бошандагони деҳаи Санговаки Ҷамоати шаҳраки Мунк дар замини бекорхобидаи подахобрави деҳа сохтмони як адад майдончаи варзишӣ ба […]
МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ НАБИЗОДА ФАРРУХИДДИН АМРУДИН
21 июл соати 7:00 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг маҷлиси навбатии назоратӣ бо роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин баргузор гардид. Дар ҷаласаи назди раис, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат доштанд. Дар маҷлис масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идеологӣ, иҷрои нақшаҳои рушди […]
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Имрӯз 14 июли соли 2025 дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифагузориҳо бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани нуҳмоҳаи соли 2025 доир гардид. Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии […]
КОРВОНИ САЛОМАТӢ
Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ аз ҷониби Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ВНМО дар ноҳияи Ховалинг маъракаи “Корвони саломатӣ” дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд. Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳия аз ҷониби […]