Хабарҳо

Аҳолӣ Хабарҳо

ХОВАЛИНГ 01.10.2024 ДАР МАЙДОНИ МАШҚУ ТАМРИНИ КОРМАНДОНИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАХШИДА БА РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДОИР ГАРДИД

Дар ҷамъомад И.в. раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва волидони наваскарон иштирок намуданд. Баъди ифтитоҳи чорабинӣ И.в. раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин баромад намуда, қайд кард, ки бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои […]

Маориф Хабарҳо

ИДОМАИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР САМТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА МАЪРИФАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Ховалинг аз моҳи сентябри соли равон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, гурӯҳҳои таблиғотӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия, бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни […]

Сайёҳӣ Хабарҳо

ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ ДАР ДАРОМАДГОҲИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ, АЗ ТАРАФИ МАСЪУЛИНИ МИҲД НОҲИЯ

Ёдовар мешавем, ки олимон, таҳқиқотчиён ва коршиносони соҳаи археологӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон,  Олмон, Амрико, Канада, Чин ва Озорбойҷону Фаронса ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд. Онҳо тули ду рӯз, санаи 4 то 6 октябр аз аввалин бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ – асри санги ноҳия (Кӯлдара, Лоҳутӣ, Шугнов, Хонақоҳ ва Дӯстӣ) дидан менамоянд. Меҳмононро дар […]

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ НАБИЗОДА ФАРРУХИДДИН БО НАМОЯНДАҲОИ «ЛОИҲАИ ТАҚВИЯТИ РУШДИ ДЕҲОТ ТАВАССУТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ МУТОБИҚГАРДОНИДАШУДА ВА ПАСТ НАМУДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ»(ЛПНОХТ)

Дар мулоқот И.в. раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин бо намояндагони ин Лоиҳа доир ба мавзеъҳои осебпазир ва хавфноки ноҳия суҳбат намуданд. Зимни суҳбат қайд гардид, ки ноҳияи Ховалинг яке аз ноҳияҳое мебошад, ки ҳамасола бар асари боронҳои пай дар пай ва омадани сел ба хоҷагии халқи он хисороти зиёд ворид мешаванд. Ноҳияи Ховалинг, […]

Хабарҳо

НАТИҶАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ХОВАЛИНГ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ РАВОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Санаи 10 октябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг дар нуҳ моҳи соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Сарраёсати бойгонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ланграӣ Ҷамила Салмон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Мирзохон, иҷрокунандаи вазифаи […]

Хабарҳо

ХУШХАБАР

Чорабинии  сатҳи байналмилалӣ-дар Ховалинг баргузор мегардад. Ховалинг қадимтарин  гӯшаи  Осиёи Марказӣ  буда, дар илмҳои  гуногун  ҳамчун  ташхисгоҳи (лабараторияи) табии сатҳи  байналмилалӣ  хизмат мекунад. Тазаккур бояд дод, ки Ховалинг бо доштани маконҳои таърихӣ ва захираҳои бойи сайёҳӣ на фақат диққати сайёҳону меҳмонон, балки диққати донишмандони хориҷиро низ ба худ ҷалб намудааст. Чорабинии  мазкур  аз 4 то […]

Хабарҳо

РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАКТАБИ №13 ДЕҲАИ САНГРЕЗГИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУТӢ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳои Сафедшаҳрак ва Сангрезгии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмони бинои нави МТМУ №13-и деҳаи Сангрезгӣ дидан намуданд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, муассисаи бунёдшаванда тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва 10 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар […]

Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ БИСТУШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Снаи 25 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки и.в. Раиси ноҳия мӯҳтарам Набизода Фарухиддин Амрудин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Собирзода Қурбоналӣ  иҷлосияи бистушашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Рӯзномаи иҷлосияи бистушашуми Маҷлиси вакилони халқи […]

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР МТМУ N4-и ДЕҲАИ ЛОҲУТИИ Ҷ/Д ЛОҲУТӢ, БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг  даври дуюми  мулоқоту суҳбатҳо оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  дар Муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гашта истодаанд. Бо ин мақсад дар МТМУ №4-и деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо омӯзгорон ҷавонон ва волидайни хонандагон суҳбату мулоқот  доир карда шуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси […]

Хабарҳо

СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Вобаста ба тачлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳирии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” гурӯҳи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери рохбарии муовини директори ин марказ Раҳим Зафар Ҳаким бо фаъолону сокинони ноҳияи Ховалинг суҳбату вохӯрии судманд анчом доданд.