Санаи 28 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бинои “Меҳмонхона – истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-и ноҳияи Ховалинг ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия-гуруҳи идоракунии сатҳи сиёсӣ баргузор гардид. Аъзоёни гуруҳи кориро дар назди даромадгоҳи меҳмонхона И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин, сардори ШВКД дар ноҳия Амрдинзода Ҷумахон ва дигар масъулини ноҳия […]
Хабарҳо
ВОХӮРИИ СУДБАХШ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Санаи 27 ноябри соли равон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ноҳия дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025», И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин, сардори шуъбаи КДАМ дар […]
Тамоми дастовардҳои имрӯзаи кишвар: аз ҷумла такони ҷиддӣ бахшидан ба НБО Роғун, кушодашавии нақбҳо ва аз бунбасти комуникатсионӣ баромадани кишвар, таъмини аҳоли бо масолеҳи озуқаворӣ ва либоса ва дар радифи он ташаккули истеҳсолоти дохилии кишвар, барқарорсозии робитаҳои дипломативу хориҷи кишварҳои ҷаҳон шаҳодат дода истодааст, ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини биҳиштосо рӯз аз рӯз тараққӣ намуда, маҳз […]
ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ БАШАРДУСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Тайи чанд соли охир дар кишвар соҳаи соҳибкорӣ рӯ ба рушд ниҳода, соҳибкорон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолӣ, суботи молиявӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, дастгирии пайвастаи ҳама қишрҳои ҷомеа ва афзун кардани бозори истеъмолӣ саҳми арзанда доранд. Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат имрӯзҳо соҳибкорони бо нангу ори кишвар дар […]
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
4 декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот […]
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
23 ноябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот […]
МАСЪУЛИЯТИ НАВБАТӢ МУБОРАК.
Раҳимзода Сулаймон Абдулфаттоҳ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг таъин гардид. Ба Раҳимзода Сулаймон барои рисолати навбатиашон барору музаффариятҳо таманно менамоем.
Ховалинг, 15.11.2024 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 32 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Санаи 15 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бахши фарҳанги ноҳия, ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ И.в. раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинони ноҳия ширкат доштанд. […]
Ховалинг, 12.11.2024 ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ВА БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРҲО БО ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР САМТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА МАЪРИФАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Санаи 12 ноябри соли ҷорӣ гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 деҳаи Дӯстии […]
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Санаи 12-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ШВКД-и ноҳия чорабинӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, ёрдамчии прокурори ноҳия Тағоев Давлат, корманди шуъбаи КДАМ дар ноҳия, Мусозода Қиёмиддин сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг подполковники милитсия Амрдинзода Ҷамахон Амрдин ва дигар […]