Таърих

Ховалинг дар замони Истиқлолияти давлатӣ

    (Аз баракати қадамҳои мубораку созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Ховалинг дар ин давра  симои худро ба кӯлӣ дигар намуд)                      

                                            Сарсухан

 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду мароми ҳар як сокини ватандӯст ва ба ору номуси кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланду меҳмоннавози Ховалинги бостонӣ мебошад.  Бо ба даст овардани Истиқлолият дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ  таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бо  меҳнати аҳлонаи мардум Тоҷикистон  ба як давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфт.

  Имрӯз шаҳру ноҳия ва деҳаеро дарёфт  намудан мушкил аст, ки он симои худро ба  кӯлӣ   дигар накарда бошад.

  Боиси хурсандист, ки соли ҷории 2021 сокинони кишвар 30 –солагии ин санаи тақдирсоз ва фархундаи миллатро бо дастовардҳои меҳнатӣ, ривоҷи корҳои созандагию бунёдкорӣ, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

  Омодагиҳо ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сеюм  аст, ки  дар ҳама шаҳру ноҳия ва деҳот, аз ҷумла  дар ноҳияи Ховалинг ҳам  бо сифат ва суръати баланд давом дорад.

  Барои суръат бахшидан ва дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани  воҳидҳои ҷашнӣ бо Амри  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби роҳбарони масълуи ҷумҳурӣ, зодагони ҳар шаҳру ноҳия намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин карда шуданд.  Дар ноҳияи Ховалинг ба ин вазифаи пурмасъулият фарзанди диёр,  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия  Раҳимзода Рамазон Ҳамро таъин шуд.

    Дар замони созандагию ободкорӣ ва махсусан дар ду соли охир дар асоси сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои пайвастаи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро     ноҳияи Ховалинг  ба як диёри зебо, диданӣ ва дар ҳоли рушду тараққӣ табдил ёфт. Маркази ноҳия номи  шаҳракро гирифт ва дар ҳақиқат он имрӯз як шаҳраки замонавиро мемонад. Марказҳои ҷамоатҳои деҳот ва дигар деҳаҳо низ хеле ободу зебо гардиданд.

  Рафти босуръати  корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастовардҳои меҳнатӣ  шахсро  ба ояндаи дурахшоини кишвар, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои  мардум дилпур мегардонад.

  Аз шунидаҳо  бармеояд, ки  чунин суръати корҳои созандагию ободкориро дар ноҳия  касе дар ёд надорад ва ин  ҳақиқат аст.

   Боиси зикр аст, ки сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба ноҳияи Ховалинг ба рушду тараққии диёр  такони ҷиддӣ  бахшидаанд

   Суханони ояндасози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум ҳангоми сафарҳои корӣ  ҳар як фарди худогоҳи диёрро  водор намуд, ки дар пайравӣ аз ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат  дар рушди диёру Ватани азиз – Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо боварӣ бо неруву иродаи мардум  иброз доштанд: “Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.” 

    Бинобар ҳамин китоб аз сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг,   натиҷаи ин сафарҳо сар мешавад.   Ин сафарҳои корӣ барои мардуми диёр сафарҳои таърихӣ ва хотирмон ба ҳисоб мераванд.

Дар китоб дар бораи ободкориҳои Майдони Парчаму Нишон,  Чилчанор, Дараи Мухтор, Мазори Султон, Деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, бунёди ифрасохтори сайёҳии экологӣ ва дигар амалҳои созанда маълумот дода мешавад.  

 Ҳамчун хонандаи нуктасанҷ  аз номи шахсиятҳои маъруфи диёр дар бораи  ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкоронаи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг,  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар давоми се сол баҳри обод намудани диёри Ховалинг, бунёди иншоотҳои замонавӣ дар маркази ноҳия, дар зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик –Восеъ – Дараи Мухтор, дар мавзеи Мазори Султон Увайси Қаранӣ, деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, бунёди роҳу купрук барои рушди сайёҳӣ дар ноҳия ва саҳми соҳибкорон ва дигар фарзандони диёр, ки нақшаи бунёди зиёда аз 320 иншооти ҷашниро дар муҳлати муайянгардида сохта ба истифода доданд, маълумот пайдо карда метавонад.