Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Баромади раиси ноҳия Акрамзода П.А., дар ҷамъомади «Рӯзи ҷавонон»

Баромади раиси ноҳия Акрамзода П.А.,

дар ҷамъомади «Рӯзи ҷавонон»

Ҳамдиёрони азиз, имрӯз дар доираи чорабиниҳои «Рӯзи ҷавонон», ки дар саросари кишвари азизамон дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ҷараён дорад, дар ноҳияи Ховалинг низ тадбирҳои муайян амалӣ гардиданд. Аз ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ, ки таи чанд рӯз идома дошт ҷамъбаст гардиданд. Ҷамъомаду вохуриҳо дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расида, аз пагоҳии ҳамин рӯз роҳпаймоии ҷавонон таҳти шиорҳои «Мо пайравони Пешвои милатем», «Дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон устуворем» ва ѓайраҳо идома дошт. Ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми ҷавонони ноҳияро, ки дар идомаи чорабиниҳои «Рӯзи ҷавонон» дар ноҳия, ҷамъ омадед ба рӯзи ҷавонон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон саломатию бурдбориҳои зиндагиро таманно дорам.

Таърихи давлатдорӣ собит месозад, ки такя ба нерӯи ҷавонон барои ҳар як халқу давлат самараи хуб ба бор меорад ва боиси рушду нумуи давлатдорӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгӯзори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон нақши калидӣ мебозанд. Таваҷҷҳ ба нерӯи ҷавонон дар Паёми Сарвари давлат ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ва фардои дурахшони кишвар ба зиммаи ҷавонон гӯзошта шудааст.

Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлилҳои ҳамаҷонибаву дурнамои рушду пешрафти Тоҷикистон ва раҳнамову Барномарезиҳои ояндасоз, вазифаю уҳдадориҳои xавонон ба таври мушаххас муайян карда шуда, қайд гардид, ки «..ҷавонон, бояд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташабусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ин дастуру ҳидоятҳои Асосгӯзори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯза дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи мо нахоҳад гӯзошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватанро ѓуборолуд созад.

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ муборизаи бе амон барем.

Рӯзгори имрӯзаи ҷаҳонӣ шоҳиди ҳазорҳо ҳодисаҳои нангину набардҳои хунин буда, саросари паҳнои таърих пур аз куштору бераҳмиҳост, ки бар асари онҳо хуни ҳазорон бегуноҳон- занону кӯдакон, пирону барҷомондагон резонида шуда, садҳои дигар ҷони худро дар роҳи расидан ба зиндагии осуда аз даст медиҳанд.

Мардуме, ки тамоми таърих мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифта, заминаи рӯзгорро аз хуни хеш гулгун сохтааст ва шукрона, ки таҳти сарварии Пешвои худ ба ин рӯзҳои неку, зиндагии осоишта расидааст, неъмати сулҳро беш аз дигарон арҷ мегӯзорад, ки тақдири минбаъдаи ин неъмати бузург аз насли ояндасози он вобастагии қатъӣ дорад.

Аслан зиёда аз 30 фоизи аҳолии Тоҷикистони азизи моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба насли ҷавон дар кишвари мо ҳануз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ хеле зиёд мебошад. Дастоварде, ки дар сиёсати давлатии ҷавонон афзалияти муҳим дорад, созмон додани мақомоти ваколатдори давлатӣ – таъсиси шуъбаю бахшҳои ҷавонон, ва варзиш дар Тоҷикистон мебошад. Баъди он ба мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи давлатии Ҷавонон ва ѓайра пай дар пай амалӣ гардиданд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлатамон Тоҷикистон нахустин кишовари минтақа маҳсуб меёбад, ки сиёсати давлатии ҷавононро қабул карда дар доираи ин ҳадафи бузург барои рушду пешрафти ҷавонон дар арсаи ҷомеа имкониятҳои беназир фароҳам овард.

Моҳияти аслӣ ва амалкунандаи ин сиёсат, ки мақсад ва вазифаи бунёду таъмини онро- омода намудани ҷавонони корсозу бунёдкор ва мусалаҳ бо дониши фарху фарогир ташкил медиҳад, аз се ниҳод –оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа иборат мебошад. Ин се ниҳод масъуланд, ки дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа масъулияти баланд дошта бошанд.

Асосгӯзори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар вохӯрӣ бо аҳли илму маорифи Кишвар зикр намуданд, ки: «Тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон, аз ҷумлаи масъалаҳои мубраме мебошанд, ки рушди имрӯзу фардои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҳалли онҳо вобаста мебошад».

Вақте ки Сарвари давлат, ҷавононро умеди фардо, нерӯи оядасози давлату миллат меҳисобанд, ба ин боварию эътимод сазовор будан вазифаи ҳар яки мост, чунки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун воқеият баён мекунанд. Аз ин хотир ҳар як ҷавони бо нангу номусро зарур аст, ки дар ҳама паҳлуҳои зиндагӣ, кору фаъолият ҳаматарафа тайёр бошад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, давлату миллати худро дуст доранд, арзишҳои муқаддас, таърих ва фарҳанги бою қадимаи худро эътироф кунанд ва онро аз ҳаргуна омилҳои номатлуб ҳифз намоянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми ҷавонони диёрро бо рӯзи ҷавонон табрик намуда, ба онҳо дар амалигардонии нақшаву барномаҳои «Соли 2019-2021 Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо меҳнати ҳалолу дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намудани он аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро талаб мекунад, барору комёбиҳо таманно дорам.

Саломату сарбаланд бошед,

xавонони бонангу номуси Ватан!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *