Хабарҳо

Лагери истироҳатии Амрико дар ноҳияи Ховалинг

Лагери истироҳатии Амрико

ба Ховалинг омад

Тачрибаҳо муайян намуданд, ки бедор намудану зиёд сохтани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, фарҳангшиносиву инсонпарварӣ ва оқиливу зиракӣ дар зеҳни кӯдакону наврасон метавонад, тариқи таъсиси лагерҳои кӯдакона хатсайрҳои сафари истироҳатӣ ба даст биёяд.

Лагери тобистонаи Амрико ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Амрико бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон баҳри рушду нумӯи наврасон, аз худ намудани машғулиятҳои ҳамсолони амрикоии онҳо, омӯзиши забони англисӣ гузаронида мешавад.

Максади ин лагер, шинос кардани наврасони тоҷик бо расму оин, усулҳои зиндагӣ, варзиш ва пайдо намудани дӯстони нав иборат буда, ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзиши забони англисӣ мебошад.

Дар лагер толибилмони аз сини 9 то 12-сола ба таври ройгон иштирок ва истироҳат карда метавонанд.

Дар ин лагер, масъулон аз вазъи саломатӣ, таъмини амният ва бехатарии хуроквории наврасон ҳамеша бохабаранд.

Таътили соли гузашта дар лагери номбурда дар се давр ва имсол бошад дар як давр тавонистанд аз 13 то 18-уми август шумори 160 нафар наврасон ба фароғат фарогир гарданд.

Дар лагер кӯдакон панҷ намуди машғулиятҳо; омӯзиши забони англисӣ, варзиш(аз ҷумла кик-бол-тубпартоӣ, фрисби-бозӣ бо лаълича, тайдай-гулпартой дар либос, парашютбозӣ, бейсбол, тугмачасозӣ, сохтани дастмонаҳои дӯстӣ, санъат, драма ва корҳои гурӯҳиро аз худ менамоянд. Дар ин фароғатгоҳ роҳбари барнома, ҳамоҳангсози минтақавӣ, сармураббӣ, лоҷистҳо, даҳ нафар мӯраббиҳо, ҳамшираи тиббӣ ва ронандаҳо дар хизмати наврасони дар лагер фарогирифташуда қарор доранд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳама нафароне, ки дар лагери Амрикоӣ баҳри фароғату тадриси наврасон қарор доранд ҳамагӣ ҷавонони болаёқат, забондон, хубмуомила ва донандаи психологияи кӯдаконанд, ки дар муддати кучак метавонанд ба дили тифлакон роҳ ёбанд.

     

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *