Хабарҳо

ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД!

ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБӢБАРГУЗОР ГАРДИД!

Ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Маҷлиси Кумитаи Марказии ҲХДТ аз 27 – сентябри соли 2019 барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, рӯзи 21 октябри соли 2019  дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло Раҳимович ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ семинар – машварат доир карда шуд.

Дар кори семинар- машварат аъзоёни раёсат ва кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб иштирок намуданд.

Кори семинарро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа кушод .

Дар семинар мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Наимов М. Р. ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода А. Қ. сухан карда, ҳозиринро бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузаронидани интихоботҳои дар пешистодаии Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ба таври васеъшинос намуданд.

Дар ҷамъбаст муовини раиси ноҳия Ахрорзода Г. баромад намуда, барои баргузор намудани чунин семинар – машварат дар мавзӯи муҳими рӯз ба меҳмонон ва иштирокдорони он изҳори миннатдорӣ намуд.

Семинар – машваратро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа ҷамъбаст кард.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *