Мавҷудоти ҳар як давлати миллии соҳибистиқлол аз сатҳу савияи худшиносиву ҳувияти мардуми он вобаста аст. Агар миллат худогоҳу худшинос аст, пас пояҳои давлати миллӣ устуворанду истиқлоли давлати осебнопазир ва ё баракс агар мардуми кишвар худшинос набошанд ва ҳувияти миллиашон заифу нопурра бошад, пас он ба истиқлоли давлати миллӣ хатар эҷод мекунад. Ин аст, ки таблиғи ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ асоси мафкуравии давлатҳои миллист, ки ҳадафи он шакл додани ҳувияти миллии ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад. Ин ё он андеша ҳамон вақт неруву тавон дорад, ки агар фарогиру пурвусъат буда, миллионҳо нафар ҷонибдору муътақид дошта бошад. Ба ин хотир, ҳама гуна андешаву мафкураҳо ба масъалаҳои ташвиқу таблиғ диққати аввалиндараҷа медиҳад, бо ҳам дар набард мешаванд, зеро танҳо ба ин васила метавон сафи муътақидонро афзуд ва мафкураҳои бегонаро заиф сохт. Давлати соҳибистиқлоли мо аз ин раванд истисно нест. Бисту нуҳ сол инҷониб, моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлати Тоҷикистонро тарғибу таблиғи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз он худшиносу худогоҳу ватанхоҳу миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат дар робита ба ин таъкид намудаанд: “Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад”. Яке аз чунин иқдомҳои ҳувиятсози Пешвои муаззами миллат, эълон намудани соли 2006 – чун соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ мебошад. Ва басо ба маврид аст, ки партави ҷашни бошукӯҳи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мо 15-умин солгарди бузургдошти тамаддуни ориёиро низ истиқбол хоҳем кард.
Сабтҳои охирин
Ховалинг – ганҷе дар дили Тоҷикистон
Тоҷикистон бо таърихи бою қадим ва адабиёти пурғановату оламшумулаш қалби ҷаҳониёнро ба худ тасхир кардааст. Маҳз табиати рангину зебо, обҳои мусаффо, куҳҳои осмонбӯсу сарбафалаккашида ва таърихи кӯҳанбунёду тамаддунофари ин сарзамин Тоҷикистонро ба оламиён шинос намуд. Ховалинг яке аз гушаи хушбоду ҳаво ва зебоманзараи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин ноҳия 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфта […]
Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад […]
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Ҳамватанони азиз! Шуморо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназирро таманно менамоем. Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]