Хабарҳо

Амали бад ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад

Оре, мо ҷавонон шоҳиди гуфтаҳои хоинони миллат, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ нисбати давлату миллати худ, тафриқаҳои иғвоангезонаро пахш менамоянд огоҳ буда, онҳоро намегузорем, ки бори  дигар миллату давлати тоҷикро доғдор созанд. Роҳбарони ин ҳизби хунхор мақсади нопоки худро мекӯшиданд (мехостанд сохтори давлатдориро дигар намуда, ба ҷойи он давлати исломӣ ва ба ҷойи мазҳаби Ҳанафи мазҳаби Шиаро ҷорӣ намоянд) аз мардум пинҳон доранд. Ба номи ҳизб ҳамроҳ намудани калимаи “ислом” як воситаи хуби ҷалб намудани таваҷҷӯҳи  одамон ба ҳизб ва пардапӯш намудани мақсади аслии ҳизбу роҳбарони он буд. Вале фаромӯш карданд, ки амали бад ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад. Рӯзе мерасад, ки новобаста аз кӯшиши касе он ошкор мегардад ва боиси рӯсиёҳии шахсоне мешавад, ки  бо амалҳои бадкирдоронаи худ ба сари мардум мусибатҳои гӯшношунид оварданианд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки саркардагони ҳамин ҳизби террористӣ бо дурусту нишондоди хоҷагони хориҷиашон барангехтанд, чандин солҳо ҷанги таҳмилиӣ ном намегирифтанд. Имрӯз бо далелҳои раднашаванда собит гардид, ки давлатҳои бо ном ба мо “дӯст”, барои барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ, (онро ҳатто ҷанги бародаркӯш ном мегиранд) барои куштори бештар аз 150 ҳазор одамони бегуноҳ, гуреза ва бехонумон гардидани бештар аз як млн одамон, зарари молӣ, ҷонӣ ва маънавии ба мардум ва давлат расонида, маблаӯҳои ҳангуфт сарф намудаанд ва имрӯз ҳам дастпарварони ҳаромхӯру лаънаткардаи худро чун Муҳиддин Кабирӣ барои он туҳматҳое, ки ба давлат, миллат ва Президенти кишвар мезананд, маблағгузорӣ менамоянд.