Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархурди тамаддунҳо ва хатарҳои рӯзафзуни зеҳни инсони ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор мегузорад, ки онро бузургтарин кишварҳои олам эътироф карданд. Ин кишвари тамаддунофар бо нуфузи камтар аз 10млн хеш аз хатарҳои сиёсиву мушкилотҳои глабалю умумибашарӣ ҳеҷ вақт канор нест. Дар ин давраи ҳассос бояд зиракии сиёсиро пеша карда шукронаи ҷомаи амал пушидани омолу ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозию давлатдории гузаштагони озодихоҳамонро кунем, ки бо саъю кушиши зиёде ба даст омад ва айни ҳол давлати мустақили миллии хешро дорем. Набояд фаромӯш сохт, ки озоди ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат маҳсуб ёфта саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳию ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону шуҷоатмандони ҷонфидоъ ба даст омадааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки тантанаи адолати таърихи ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, фақат натиҷаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгонамон муддати ҳазорсолаҳо идома ёфта дар ибтидои асри 20 шаклу мазмуни нав пайдо намуд ва олимону зиёиёни сарсупурд ва дурандеш набояд аз ёдҳо фаромӯш кард. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз, ки Ваҳдати Миллӣ ва сулҳу субот барқарор аст барои муборизаи мафкуравӣ ҳоҷиат нест ва барои аксарияти мардуми тоҷик пайрав ва эътиқодманди дини мубини ислом аст. Мутаасифона нафароне ҳастанд, ки аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд. Бо истифода аз ақидаҳои диниву ифротӣ ва дасисабозиҳои одамони хориҷӣ гурӯҳи хиёнаткорон ба сари ин мулоҳиҷаҳои таърих фоҷиаҳои навро ба бод оварданд. Дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда 150 ҳазор ҷавонону мардон кушта шуданд ва 55 ҳазор нафар кӯдакон ятим ва зиёда 28 ҳазор нафар занону модарон бешавҳар монданд. Инчунин зиёда 1млн сокинони кишвар номи гурезаро гирифта ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 10млрд доллари Амрикоӣ барои хисорот ворид гардид ва зарари маънавиро ҳисоб кардан ғайри имкон аст.
Сабтҳои охирин
Лаънаткардагони халқ
Лаънаткардаи халқ ҳамонеро меноманд, ки барои манфиати худ, барои қонеъ гардонидани нафси бади худ ба миллати хеш, Ватани худ хиёнат мекунад. Мардумро бехонумон мегардонад. Фарзандро аз модар, падарро аз ҳамсар ҷудо мекунад. Дӯстро душман, қотили ҳамдигар менамояд. Ҳамаи инро мо дар симои саркардагони Ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом бо чашмони худ дидем. Аз тамошои […]
Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз рӯи нақшаи тарҳрезинамудаи хоҷагони хориҷиашон амал менамоянд ва моро зарур аст, ки сади роҳи онҳо гардем
Вокуниш. Президенти мамлакатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмоамалӣ Раҳмон мунтазам зимини ҳар як суханронӣ ва баромадҳояш таъкид намуда, моро огоҳ месозад, ки аз хиёнату фиреб, дасисаву иғвоангезии гурӯҳхои террористиву экстремистӣ, хиёнаткорони Ватан ва ифротгароён эҳтиёт бошем. Зеро дасисаву туҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан-модар, миллат, давлат ва зодгоҳи […]
Ғамхори мардум он аст, ки обод мекунад!
Дар бештари расонаҳои хабари Конфронси САҲА дар Варшаваро пайгири намуда аз он хабару гузоришҳо омода мешавад. Дар ин Конфрос киҳо иштирок доранд онҳое, ки мақсади ташкили ҷангу ҷидол дар Тоҷикистонро доранд.