Хабарҳо

Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз рӯи нақшаи тарҳрезинамудаи хоҷагони хориҷиашон амал менамоянд ва моро зарур аст, ки сади роҳи онҳо гардем

 

Вокуниш. Президенти мамлакатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмоамалӣ Раҳмон мунтазам зимини ҳар як суханронӣ ва баромадҳояш таъкид намуда, моро огоҳ месозад, ки аз хиёнату фиреб, дасисаву иғвоангезии гурӯҳхои террористиву экстремистӣ, хиёнаткорони Ватан ва ифротгароён эҳтиёт бошем.

Зеро дасисаву туҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан-модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнаткор мебошад. Барои чунин хоинон маҳфумҳои муқаддаси Ватан-модар, миллат, таърих забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзише надорад, -иброз доштааст Пешвои муаззами миллатамон.

Терроризм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсноният дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ таъсири манфии хешро расонида истодааст. Яъне, ин ваҳшонияту вабои аср солҳои охир ба омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияту ҷони сокинони сайёра табдил ёфтааст. Дар баробари дигар қавму миллатҳо хатари ин падидаҳои номатлуби замон Тоҷикистони азизи моро низ бетараф нагузошта, пайдо гардидани ашхоси палиду нохалаф, ки худро бо ном ватандӯсту ғамхори миллати тоҷик меноманду аз тамоми роҳу васила истифода намуда истодаанд, то ҷавонону наврасоне, ки сатҳи пасти саводи диниву дуняви доранд онҳоро мағзшӯи намуда ба доми аждаҳои хеш кашанду бар зидди ин ободиву тинҷи ва сулҳу суботи кишвари азизамон шуронанд.

Миллати тоҷик ҳаминро бояд дар хотир дошта бошанду фирефтаи дассисаву макориҳои ин шағолон, хоинони иғвогар ва номардон нагарданд, зеро ин тоифаи пасту разилро хоҷагони хориҷиашон  нақшаҳо тарҳрезӣ намуда, бар зидди ин миллати тамаддунофар шуронидаанд ва мақсади касифу нопоки ин тоифа танҳо ба даст овардани пули муфт асту бас, ба ҳамин хотир дар хориҷи кишвар паноҳ бурда тариқи барномаҳои таҳрезинамудаи хоҷагонашон бар сари давлату миллати мо туҳмату буҳтон зада, шахсони алоҳидаро гумроҳу сарсон намуда истодаанд.

Мо бояд ҳар як сухани Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободиву озодӣ, амну осоиштагии худ ва наздиконамон  пайваста зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бар зидди фаъолияти чунин гурӯҳхо муборизаи беамон барем.

Бояд таъкид намоям, ки ҳар нафар агар заррае аз кӯчаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, аз кӯчаи одаму одамгарӣ гузашта бошад, баҳри Ватан-модар, таърихи гузаштаи худ, забону фарҳанги миллӣ хиёнаткориро раво намебинад. Роҷеъ ба маҳкум намудани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз қабили терроризм, экстремизм дар тамоми расонаҳои хабарӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои кишварамон ҳарф мезананд. Миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки фирефтаи гурӯҳҳои ғайр нагашта, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ҷавононро нерӯи тавонову пешбаранда ва ояндасози ин давлату миллат арзёбӣ намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суҳбату вохӯрияшон таъкид бар он аст, бояд наврасону ҷавонони даврони Истиқлолият ҳушёру зирак бошанд, бештар ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар рӯ биёранд.

Месазад мо ҷавонони даврони истиқлолият ҷавобан ба ин ғамхориву боварии Пешвои муаззами миллат, ки бо сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонааш дар тамоми ҷаҳон ҳамҷун шахсияти сулҳпарвару ободгар шинохта шудааст, устувор бошему тамоми донишу малакаи хешро барои пешрафт тараққи ва ба як давлати абарқудрат табдилдодани кишвари азизамон равона намоему бар зидди ҳама гунна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳама роҳу усулро истифода намуда, муборизаи беамон барем.

Асадуллозода В. Д.,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *