Сайёҳӣ

Мамнӯъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ( Мавзеъҳои сайёҳии ноҳия)

Мамнӯъгоҳи Султон  Увайси Қаранӣ. Ин мавзеи таърихию фарҳангӣ яке  ҷойҳои  хушобу ҳавои диёри зебоманзари Ховалинг ба ҳисоб меравад ва онҳое, ки ҳамасола  аз ин гӯшаи диёр дидан мекунанд,  ба хотираи нек бармегарданд. Дар бораи ин мавзеъи хушобу ҳаво вабузургвори он бисёриҳо баъди ба ин ҷо омадан нигоштаанд.  Ногуфта намонад, ки дар ин гӯшаи хоки Ватан  яке аз бузургворони ҷаҳони ислом  Султон Увайси Қаранӣ – шахсияте, ки дар дили ҳазорон одамон маҳбубият дорад ва ҳар сол оромгоҳи ӯро даҳҳо ҳазор одамон аз дохил ва хориҷи кишвар зиёрат менамоянд, ҷойгир аст. Нақл аст, ки аз Расул алайҳиссалом дар сакароти ҷон    мепурсанд, ки ҷома ва асои муборакашро  ба кӣ диҳанд?  Гуфтанд: ба Увайси Қаранӣ. Зеро ӯ ба  Худову Пайғамбараш доимо дар муноҷот аст.  Мамнӯгоҳи Ҳазрати Султон ва турбати  бузургвор дар масофаи 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ховалинг дар сояи долу дарахтони сарсабз ҷой гирифтааст.  Аз канори оромгоҳ чашмаҳои шаффоф ва шифобахши обашон хуштамъ ҷорист. Ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2004 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки ҳанӯз дар асрҳои қадим (6  –  9) атрофи мазор бо девори аз гил сохташуда иҳота гардида ва берун аз девор биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ ҷойгир буданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин макон аз қадим ҳамчун макони муқаддас мавҷуд будааст.Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳудуди мазор ба мамнӯъгоҳи таърихӣ – кишваршиносӣ табдил дода шуд.Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ бошад соли 2006 бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифз, истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бо ин восита тарбия намудани мардум дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, поси хотири ниёгон ва эҳтироми мероси фарҳангӣ аз нав бунёд карда шуд.Дар доираи ободкориҳо ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеъ чандин меҳмонхонаҳои замонавӣ, нишастгоҳҳо, бозор ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд.  Мамнӯъгоҳи  Султон Увайси Қаранӣ имрӯз яке аз мавзеъҳои хуби сайёҳӣ на танҳо дар ноҳия, балки дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин ҷо тамоми инфрасохтори сайёҳӣ барои хизматрасонӣ муҳайёст. 

Дар фасли  гармо ин мавзе нисбатан хеле обод ва серодам мегардад. Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошти талаботи сайёҳону дигар меҳмонон ба боз ҳам ободу зебо гардидани ин мавзеэеъ таваҷҷуҳи зарури зоҳир менамояд. Зеро касе ба Ховалинг қадам ранҷа намояд, аз ин ҷои дилфуро албата дидан намуда, лаҳзае дур аз ташвишҳои зиндагӣ дам мегирадва хотиротинек бо худ мебарад.

Бобоҷон Зоиров.

  Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *