Хабарҳо

Худшиносии милли, терроризму экстремизмро маглуб менамояд.

Вазъи ноороми ҷаҳони муосир шаҳрвандони кишварро вазифадор месозад, ки ба хотири таъмини суботу оромӣ ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошанд ва бо заҳмати софдилона кишвари худро боз ҳам неруманд гардонда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ тарбия намоянд”. Эмомалӣ Раҳмон.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ташкилоти террористию экстремистӣ аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки онро метавон танҳо тавассути муборизаи дастаҷамъона решакан кард. Барои аз байн бурдани экстремизм ва терроризм-ин раванди басо хатарнок ва таъмини боэътимоди амният зарур аст, ки заминаҳо ва омилҳои асосии зуҳури он муайян карда шаванд. Ҳоло, ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез ҷуғрофияи худро васеъ намудааст, хабари содир шудани амалҳои террористӣ ҳар рӯз аз тамоми нуқтаҳои олам садо медиҳанд. Барои аз байн бурдани масъалаи басо мушкили қарн, ки онро вабои аср ҳам мегӯянд, ҳамкориҳои дастаҷамъона зарур аст. Дар ин раванд дар кишвари мо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Роҳҳои пешгирӣ, аз байн бурдан ва камқувват намудани ифротгароӣ ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ва арзишҳои миллӣ тадбир намудани насли навраси ҷомеа ва ҷавонон мебошад. Албатта, дар роҳи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ  ба таври зарурӣ падару модарон бояд уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбия бомасъулиятона  ба иҷро расонанд. Дар баробари ин, ҳар як фарди худогоҳ, маърифатпарвар, омӯзгорону устодони донишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ бояд дар ин самт саҳми арзишманди худро бигузоранд, ки ин рисолати шаҳрвандӣ, меҳанпарварии онҳо мебошад. Вобаста ба ин ҳамкориҳои ҳадафманди аҳолӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё ва руҳониён бо ташкилоту сохторҳои марбута ҳамкориҳои зич дошта бошанд, ки ин ҳам аз роҳҳои пешгирикунанда, муқовимат бар амалҳои номатлуб ва хатарзо мебошад. Ҳарчанд  дар қаламрави кишвар фаъолияти ТТЭ  ҲНИ  манъ карда шудааст, вале фаъолону пайравон, думбардорони ин ташкилоти ифротиву иғвоангез дар хориҷа истода, ба қавле, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии ватанамонро дида натавониста, ҳар гуна туҳмату иғвоҳоро паҳн мекунанд. Ва, албатта, ин бо супориши хоҷагони хориҷиашон аст, ки онҳо имрӯз чун лӯхтаки дасти ин хоҷагон шуда мондаанд. Мо, аҳли ҷомеаи кишвар, набояд роҳ диҳем, ки чанд тан хоинони миллат сулҳу суботи кишвари  азизи моро халалдор намоянд, арзишҳои миллиамон- Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллиамонро ҳифзу нигоҳдорӣ намоем, баҳри пеш бурдани шукуфоии ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.

Барои  маглуб кардани  гуруххои ифроти, терроризму экстремизм  бояд ба якдигар  мутахид буда  пеш аз хамма ифтихори милли  ва арзишхои миллии  чомеаи  шарванди дар сатхи зарури ба рох монда  шавад. Мо итминони комил дорем, ки ин арзишхои милли дар рагу пайванди хар як фарди  точик нухуфтааст. Ва хеч гох ба хотири  пулу мол ва сарват (ба мисли  баъзе аз фурухташудагону  беномусон ва  палидон) ин  ифтихори худро  аз даст  намедиханд.

Н. Сафарова  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *