Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

  Суханронии Раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрам дар чорабинии рӯзи аввали гусели ҷавонон ба  хизмати ҳарбӣ

Суханронии

Раиси ноҳияи Ховалинг

Акрамзода Парвиз Акрам

дар чорабинии рӯзи аввали гусели ҷавонон

ба  хизмати ҳарбӣ

Даъватшавандагони азиз,

Падару модарон ва ҳозирини гиромӣ,

Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 марти соли 2019 таҳти  №1230 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи қарори раиси ноҳияи Ховалинг чорабинии муҳими сиёсӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гусел намудани ҷавонони ноҳия баргузор шуда истодааст.

 даъватшавандагони азиз,

Имрӯз Шумо ба мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар мешавед, ки барои ҳар як ҷавонмард хизмат ба Ватан ифтихор  ва шарафи бузург ба ҳисоб меравад.

Мо эътимоди комил дорем, ки ҳар яки Шумо бо сари баланд ва ҷавонмардона қарзи шаҳрвандиро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоред.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум зиндагии осоишта доранд.

Бо шарофати заҳмати шабонарӯзии муҳтарам Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон такмилу ташаккул ёфта, бо техникаву таҷҳизоти муосир ва шароити зарурии ҳарбӣ  таъмин гардид.

Ҷавонони гиромӣ,

Ҳар яки Шумо боварии муҳтарам Пешвои миллатро арзанда буда, бояд эҳсос намоед, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб ёфта, мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад. Дар баробари ин вазифаи муқаддаси ҳар яки мо таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осудаи халқ буда, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки падару модар, хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки шумо – ҳомиёни Ватан, муҳофизони марзу буми аҷдодиро мебинанд.        Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯзҳо аз ноҳияи Ховалинг дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз 1000 нафар ҷавонони бонангу номус адои хизмат намуда, сарбаландии волидон ва намунаи ибрати насли ҷавон ба ҳисоб мераванд.

Падару модарони гиромӣ,  

Боиси шарафаст, ки Шумо чунин фарзандони далер ва содиқи Ватанро ба воя расонида, имрӯз барои иҷрои қарзи фарзандӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамоед.

Боварии комил дорам, ки фарзандони Шумо садоқатмандона адои хизмат намуда, бо сари баланд, бозуи қавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида ба хона бармегарданд.

Даъватшудагони арҷманд,

Дар ин лаҳзаҳои пуртантана бори дигар Шуморо самимона табрик намуда, сиҳативу саломатӣ, зиракии сиёсӣ, хушёриву далерӣ ва чолокиву матонатро таманно карда, боварӣ дорам, ки бо сари баланд хизмати Модар-Ватанро адо менамоед

Ба Шумо роҳи сафед, сарбозони Ватан!

Саломату сарбаланд бошед!

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *