Хабарҳо

Соҳилмустаҳкамкунӣ – мустаҳкам нигоҳ доштани ободии кишвар

Соҳилмустаҳкамкунӣ – мустаҳкам

нигоҳ доштани ободии кишвар

Мусаллам аст, ки бо фарорасии фасли баҳор бино ба сабабҳои боришоти зиёди барф дар фасли зимистон ва боронҳои дарозмуддати баҳорӣ барф ба тарма мубаддал гардида, якҷоя бо боронҳо аз талу теппаҳои баланд ба поён фуромада, селшавии оби дарёҳоро ба вуқуъ мепайвандад.

Аз ҳамин лиҳоз ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳру навоҳӣ ва Ҷамоатҳои деҳотро мебояд ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ба вуқуъпайваста чораҳои зарурӣ андешанд. Бахусус дар ана ҳамин ҳангом муташаккилона бояд канори соҳилҳоро тавассути сангу симтурҳои қавӣ мустаҳкам намоянд. Аз ҷониби мутасаддиён ва мутахассисони соҳа дар ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва сокинон дар мавзеъҳои Дараи Мухтор 470м, Лоҳутӣ 240м, қисман аз км4 то км9-уми роҳи Ховалинг – Ҳазрати Султон 100м, соҳили пулҳои рустоҳои Токаку Даҳани Шол 70м ва деҳаи Мазори Ҳазрати Султон 50м ҷамъ 930 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурра ба анҷом расонида шуда, дар қисмати чапи соҳили дарёи Оби Мазор дар мавзеъҳои Токак ва Даҳани шол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *