Хабарҳо

Ҷараёни сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг

Ҷараёни сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг

Дар таърихи 21-уми апрели соли равон раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Ховалинг сафарӣ корӣ дошт. Дар ин сафар раиси вилоятро роҳбарони сохторҳои вилоятию минтақавӣ ва мудирони шӯъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳакимзода Қурбон зимни сафари кориаш аз рафти корҳои ободонию сохтмонии ноҳия, кишту корӣ баҳорӣ, пешрафту тараққиёт дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дидан намуд. Ҳамчунин, ӯ дар рафти сафараш ба айёдати собиқадорони меҳнат Исмат Одинаев (собиқадори соҳаи маориф), Моҳшариф Турманова (собиқадори соҳаи тандурустӣ) ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулло Самиев рафта, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту зиндагонии онҳо хабардор гардид.

Сипас, дар даромадгоҳи қасри фарҳанг намоиши дастоварду ҳунарҳои мардумии аҳли ҷамоатчигии ноҳия ва коллективи кормандони бахши фарҳанг ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан карданд. Баъд аз тамошои намоишгоҳ дар толори қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо ҳама фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ба ғайр аз ҳамроҳони раиси вилоят мудирони шӯъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масчидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Сараввал раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам суханронӣ намуда, ҳама меҳмононро аз номи мардуми сарбаланди ноҳия хуш омадед гуфт. Сипас, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон мақсади сафари кориашро ба кулли сокинони ноҳия иброз дошта, ба он нафароне, ки дар ободию сохтмони биною иншоотҳои хизматию маишӣ саҳм гузоштанд ва гузошта истодаанд, миннатдории бепоёни худро баён намуд.

Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам дар назди ҳозирин аз натиҷаи фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон мухтасар гуфта гузашт.

Баъди ҳисоботи раиси ноҳия раиси вилояти Хатлон суханронӣ карда, перомуни фаъолияти соҳаҳо фикру ақидаҳояшро баён намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *