Хабарҳо

Таҷлили Наврӯз дар деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнов

Таҷлили Наврӯз дар деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнов

Ҳафтаи сипаригардида, аниқтараш санаи 20-уми апрели соли равон саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 воқеъ дар деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнов симои идона дошт. Омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур бо роҳбарии директори муассиса Суҳроб Назаров дар партави ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтанд, то ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намоянд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки саҳни муассиса бо чодару нақшдӯзиҳои хоси тоҷикона, ки аз ҳунарманд будани мардуми тоҷик дарак медод, шиору овезаҳои тарғиботӣ аз ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз ва ғайраҳо оро дода шуда буд. Хурду калон ҳама либосҳои идонаву шинам ба бар карда буданд. Ин омодагию ҷаҳду талош мардуми маҳалларо низ ба ваҷд оварда, дар таҷлили ин чорабинии фархунда, саҳми худро гузоштанд. Сокинон дастаҷамъона, дар саҳни муассиса дегҳоро ороста намуда, таъомҳои миллӣ пухтанд. Он рӯз ҳар нафар чӣ гуна қудрате, ки дошт баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ саҳми худро гузошт. Баҳри муборакбод намудани мардуми маҳалла ба ин рӯзи накӯ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳия Изатулло Файзов, раиси Ҷамоати деҳоти Шукнов Шукрона Мирзоева, собиқадори меҳнат Раҷабалӣ Мирзоев, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳот ва намояндагони хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримов ширкат доштанд.

Хонандагони муассиса, онҳое, ки соҳиби истеъдоду малакаи эҷодию фарҳангиянд бо ҳунару маҳорати суханварӣ, шеъру сурудхонӣ, ҳаҷвнигорӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашаку дастхобонӣ, тухмҷангу хурӯсҷанг (инҳо мусобиқаҳои хоси ҷашни Наврӯзанд) ва рақсҳои дилошубу дилангез барномаро рангин намуда, хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Аз баргузор намудани чунин чорабинии гуворо маълум мегардад, ки сокинони ин маҳалла дастаҷамъона омодаанд, баҳри рушду нумуи диёр саҳми хешро гузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *