Хабарҳо

Вазъият дар Бадахшон муътадил аст.

Вазъият дар Бадахшон муътадил аст.

        Ҳеҷ гоҳ Давлату Ҳукумати Тоҷикистон намегузорад, ки касе ё гуруҳе осоиштагию оромии кишвари азизамонро халалдор намояд ва барои муҳофизати тинҷиву оромӣ ва амнияти мардум имрўз Давлати Тоҷикистон қодиру тавоност.

Аммо дар расонаҳои хабарии интернетӣ ҳар гуна мавод ҳои ғаразолудеро рўйи чоп омада истодааст, ки гўё кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан кормандони Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон дар Бадахшон ҳар гуна амалиётҳо гузаронида оромии мардумро халалдор мекарда бошанд.

«Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ» гуфтаанд. Давлату Ҳукумат мехоҳад ҳар чи тезтар силоҳу аслиҳаҳои ғайриқонунӣ дар дасти мардум нигоҳ дошта истодаро ҷамъ овараду пеши роҳи ҳама гуна хунрезиву кушторҳоро гирад.

Масъалаи дигаре, ки имрўз на танҳо кишвари моро, балки мардуми кулли Сайёраро ба ташвиш овардааст, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз сарчашмаҳои асосии пайдоиш ва интиқоли маводи мухаддир Ҷумҳурии исломии Афғонистон маҳсуб меёбад. Тоҷикистони мо, ки бо ин давлат ҳамсоя аст, албатта, интиқоли ин маводи марговар осонтару қулайтар аст.

Вилояти кўҳистони Бадахшон дар ҷой қарор дорад, ки ба Ҷумҳурии Афғонистон хеле наздик аст ва мардумони ин ду минтақа бо ҳам муносибатҳои рафту омаду тиҷоратӣ доранд. Имрўз Давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳз барои пешгирии интиқоли маводи мухаддир, ки барои ояндаи мамлакату ҷомеа хатари ниҳоят калон доранд, муборизу бурда истодааст.