Хабарҳо

Душманони миллат ҳеҷ гоҳ ба  мақсади нопоки худ намерасанд

Имрӯз тамоми кӯшиш ва ҷаҳду талоши Ҳукумати Ҷумҳурӣ  баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус равона карда шудааст. Дар натиҷа шиддати ин беморӣ дар кишвар паст гардида, мувофиқи маълумотҳо гирифторшавӣ ба он хеле кам шудааст. Ин ҳолат душманони миллат – роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва аъзоёни бо ном Паймони дурӯғини миллии Тоҷикистонро ба ғазаб овардааст. Онҳо интизор буданд ва  воҳима ва иғво меандохтанд, ки дар Тоҷикистон ҳазорҳо – ҳазор одамон ба бемории Ковид -19 гирифтор мегардад ва бештари онҳо вафот мекунанд. Зеро Ҳукумат барои пешгирии ин беморӣ шароиту имконият надорад. Ва дигар мавзуи баромадҳои иғвоангезонаи онҳо  ба шӯр овардан ва зидди давлат барангехтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва  аз байни онҳо пайдо намудани тарафдор мебошад. Гӯё Ҳукумат дар чунин вазъияти душвор муҳоҷиронро фаромӯш карда  ба ҳоли худ гузоштааст.

Кабирӣ ба қавли худ барои наҷоти миллат барномаеро таҳия намудааст, ки мехоҳад аз рӯи он Ҳукумат амал намояд.  Мардуми кишвар хуб медонанд, ки онҳо чӣ гуна барнома таҳия мекунанд ва чӣ мақсади нопокро дар дил мепарваранд.  Сокинони кишвар алакай шоҳиди як барномаи мукаммали роҳбарони ТТЭ ҲНИ шуданд, ки мехостанд дар ивази маблағҳои калони гирифтаашон,  дар асоси супориши хоҷагони хориҷии худ    сохти давлатдориро дар кишвар дигар намуда, ба ҷойи он давлати исломӣ барпо намоянд.

Мо то имрӯз надидаем ва нашунидаем, ки роҳбарони ин ҳизб ва паймон дасти як муҳоҷири корафтодаро гирифта бошанд.  Мақсад аз суханони таги нимкоса  на ғамхорӣ ва дастгирии муҳоҷирон, балки ба вуҷуд овардани нобоварии онҳо бар зидди давлат асту халос. Ҳол он ки Ҳукумат ҳеҷ гоҳ муҳоҷирони меҳнатиро яккаву танҳо нагузоштааст ва намегузорад. Ҳамаи гуфтушунид ва шартномаҳои ба Ҳукумати Россия басташуда бо мақсади фароҳам овардани шароит ва ҷойи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.   Барои ба Ватан баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ низ ягон монеъагӣ вуҷуд надорад. То имрӯз тавассути ҳавопаймо зиёда аз 2000 нафар, пеш аз ҳама аз Россия оварда шудааст.

Мо таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиеро, ки ҳамин Кабириҳо барангехта буданд, чашидаем ва ҳеҷ гоҳ ба сухани фитнаангези онҳо дигар бовар намекунем ва ба онҳо мегӯем: донита монед, ки шумо душманони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасед.

Авзалбӣ Файзова

Раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ. Мирзо