МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ноҲияи Ховалинг БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБхоИ ХОЛИИ МАЪМУРии хизмати давлатӣ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи раиси ноҳия
-мутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо омеаи дастгоҳи раиси ноҳия, 1- ҷой, маоши мансаби 630,0 сомонӣ
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
.-мутахассиси пешбари бахши саноат ва комуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 768,0 сомонӣ
-сармутахассис- сарагрономи шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 968,0 сомонӣ
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
-нозири мизи ҳарби дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, 1-ҷой, маоши мансабӣ 768,0 сомонӣ
-сармутахассис-сармуҳосиб, омори ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо 1-ҷой, маоши мансабӣ 936,0 сомонӣ
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Ховалинг, кўчаи И.Сомонӣ 1, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефон: 8331720126
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Ба довталабоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, бартарӣ дода мешавад.