Хабарҳо

Ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бештар муҳоҷирони меҳнатӣ шомил мегарданд

Ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ

бештар муҳоҷирони меҳнатӣ шомил мегарданд

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст.

Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва он андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.айни замон гурӯҳҳои террористӣ ба номи “Давлати исломӣ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида», “Гурӯҳи-24” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом баҳри тадбиқи аҳдофи нолоиқи худ фаъолият доранд.

Мақсади асосии ин гурӯҳхои террористӣ пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки амалу кирдорҳои гурӯҳхои ифротгаро ва дигар гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки бо номи “ҷиҳод” анҷом дода мешаванд, бо ислом робитае надоранд. дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳро мерезонанд.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ба вуқуъ овард. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Эрнест Хешингӯей гуфтааст: “Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад”.

Имрӯз коршиносон ба он назаранд, ки ба доми террористон бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷавонони минатақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чи хеле, ки Узбекистон пайваст шуданро намоиш дод, дар он ҷо падари яке аз ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз рӯи замин нест кардан лозим аст, то ин ки ман ҳамчун падар дар назди миллату давлатам сархам ва ба ҷавобгарӣ кашида нашавам.

Чуноне, ки вақтҳои охир аз воситаҳои ахбори оммавӣ, сиёсӣ ва дигар ахбороти сохторҳои қудратӣ маълум гардид, дар ҷумҳурӣ 14 гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби нерӯҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 ҳаракат, ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистӣ, ифротию тундгаро дар қаламрави кишвар манъ гардид.

Бархе аз ҷавонон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи гурӯҳи давлати исломии Шому Ироқ меҷангиданд. Теъдоди онҳо муайян гардида, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Барои пешгирӣ намудан аз ин вабои аср мақомоти қудратии кишвар чораҳои мушаххас меандешад.

Чуноне, ки таҳлилҳо нишон доданд, сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои террористӣ пеш аз ҳама паст будани савияи дониш, гумроҳӣ, надоштани зиракии сиёсӣ ва тайёр набудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Бояд афзуд, сулҳе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овардаанд, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагиро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бубандем.

Дар муқовимат ба афкори экстремистию террористӣ муташаккилона мубориза барем. Зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Рауфзода С.Т.,

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар

ноҳияи Ховалинг

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *