Хабарҳо

Боз як номае,ки дуруғгӯию пастсифатии раиси ҲНИТ М.Кабириро собит месозад

Дуздию пешхезӣ

(боз як номае, ки дурӯғгӯию пастсифатии раиси ҲНИ М Кабириро собит месозад)

Боиси қаноатмандӣ ва хурсандист, ки дар давоми соли ҷорӣ пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе чандин бор маркази баргузории ҳамоишу машваратҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Охирин чунин ҳамоиши машваратӣ-Машваратӣ ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар осиё (МҲБТО) буд, ки 14то 15 июли соли ҷорӣ дар Душанбе бо иштироки сарони давлатҳо, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи  ҷаҳонӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма доир карда шуд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавист, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфта, мақсади асосии он баррасии масъалаи амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё , саҳмгузорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромилӣ мебошад.

Сокинони кишвар алакай дар бораи баргузорӣ ва натиҷаҳои ба дастомадаи Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё огаҳӣ доранд.

Мақсад аз навиштани ин мақола ҷавоб ба «нома»-и беҳаёона, рӯбоҳона, фиребандаи раиси ҳизби террористии Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) аст, ки пеш аз оғози ҳамоиши машваратӣ рӯзи 13 июни соли 2019 дар сомонаҳои ин ташкилот нашр гардид.

Имрӯз дигра ҷойи баҳс нест, ки ҲНИ ҳизби террористӣ буда, ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта дар ҷумҳурӣ бо дастони саркардагони ин ҳизб ва маблағгузории хоҷагони хориҷӣ барангехта буд.

Аъзоёни ин ташкилот бо роҳбарӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷиашон мехостанд сохти конститутсиониро дар Тоҷикистон дигар намуда, ба ҷойи он давлати исломӣ барпо намоянд. Онҳо мақсади на танҳо дигар кардани сохтори давлатдорӣ, балки аз байн бурдани мазҳаби гузаштагонамон Мазҳаби Имоми Аъзамро низ доштанд. Мисол: Ҳамаи аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИ мазҳаби шиъаро қабул намуда ва барои дар байни мардум паҳн намудани он аз тамоми шароиту имкониятҳои барояшон фароҳамшуда истифода менамуданд. Ин нуқтаро баромади телевизионии шахсиятҳои маъруфу машҳури ин ҳизб Айёмиддин Сатторов (мубалиғи ин ҳизб), Сайид Қиёмиддини Ғозӣ (ба он сарварони ҳизб унвони «генерали мардумӣ» дода буданд), Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим) ва дигарон, инчунин кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо сардории генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба таври возеҳ рушан сохта буд.

Дар «нома»-и пурхатое, ки аз номи сарвари ҲНИ М. Кабирӣ интишор шудааст, ба сарони давлатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё «арз» карда мешавад, ки онҳо нисбати терроризму террористон ва сарнагун кардани омилҳои рушди он аз чораҳои шадидтар кор бигиранд.

Ин нома маънои онро дорад, ки ҲНИ ҳизби террористӣ нест ва аъзоёни ин ҳизб террорист ва ифротгаро нестанд. Баракс аъзоёни ин ҳизб аз Кабирӣ сар карда то охирин аъзои он ба муқобили терроризму экстремизм мубориза мебаранд ва ҳатто ба сарони давлатҳо дар мубориза ба терроризму экстремизм дастур медиҳанд.

Аз ин дида пастсифатӣ, бехирадӣ (намедонам ин амалро боз ба кадом рафтори бехирадона ташбеҳ додан мумкин аст) шуданаш мумкин нест. Шояд мардум дар ҳамин ҳолат ва ба ҳамин монанд одамони пасту дурӯя, нокас, туҳматчӣ, дурӯғгӯй, фиребгар, ки айбу гуноҳи худро нодида мегиранд ва бар замми гуноҳҳои нобахшиданӣ ба дигарон панд медиҳанд, сухани пурмаънои «Дӯздию пешхезӣ»-ро нисбат дода бошанд, ки ҳақ ба ҷониби онҳост.

Ин қабил одамон нангу номӯс надоранд. даркор шавад барои маблағу мансаб шуда, Ватани худ, миллати худ ва ҳатто фарзанди худро қурбон месозанд, мефурӯшанд. Мо шоҳидем, ки Муҳиддин Кабирӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ фарзандаш Тиллоро ба корҳои ифлоси худ каши два ба кунҷи ҳабсхона шинонд.

Баъди чунин «дурӯғнома» кассе мутолиа намуда бошад, ҳаминро мегӯяд, садқаи обу хок ва табиати тоҷикистон шавед, беномӯсҳои Ватангадо. Хас каму ҷаҳон пок!

Сайидҷалол Сатторов, мудири бахши таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *