Зиндагиро аз ҳастии об асос аст
Даҳсолаи байналмилалии амал
“Об барои рушди устувор”
Имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамчунин норасоии он дар баъзе аз кишварҳо боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Аз ин ру, онро бояд ҳифз намоему оқилонаю саррфакорона истифода барем.
Об дар ташаккули ҳама гуна организм нақши муҳим дошта, маҳз ба воситаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Агар ба таърихи ҳаёти гузашта бингарем, чунин ба назар мерасад, ки некон онро чун неъмати мукаддасу пок густариш намуда, баъзе аз анъанаҳои миллиро тавасути он амалӣ мегардонанд. Тоҷикистон аз захираҳои Об бой буда, дорои 84-92-пирях, 1300- кули гуногуни ҳазм ва 220-чашмаи маъданӣ мебошад. Вазифаи асосии ҳар як тоҷикистонӣ сарфакорона ва эҳтиёткорона нигоҳ доштани ин бойгарии Худодод аст. Дар шароити кунунӣ, ки теъдоди нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ торафт зиёд мешаванд, газҳои парникиву партовҳо ба фазо паҳн шуда, атмосфераро ғализ мегардонанд. ки ин ба обшавии пряхҳо оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, тозаю софу зулол нигоҳ доштани манбаву захираҳои об алалхусус, оби тозаи нӯшокӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, истеҳсолоту хоҷагии кишлоқ ва оқилонаю сарфакорона истифода бурдани он вазифаи ҳар як фарди солимфикр ба шумор меравад. Дар кураи замин зиёда аз 2,5 миллард нафар одам ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ дорад. Ҷумҳурии мо дар ҷодаи манбаву захираҳои обҳои тозаи нӯшокӣ дар ҷомеаи чаҳонӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. “Об ҳаст ободӣ ҳаст”,-мегӯянд дар урфият. Об аст, ки мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯ ва пояндагӣ қарор доранд. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он чашида рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Перомуни санадҳои қонунгузорӣ дар моддаҳои 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи замин, сарватҳои зеризаминӣ, обу захираҳои он, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиат” таъкид шудааст: “Сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об моликияти давлатӣ буда, давлат истифодаи оқилонаю самаранокии онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.”
Дар Анҷумани сеюми чаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои об, ки дар шаҳри Киотои Ҷопон 18-уми марти соли 2003 доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захирахои об солҳои охир барои боқии ҳаёти инсониёт аҳамияти ҷиддӣ пайдо менамояд…” Об яке аз унсурҳои табиати мӯъҷизакор ва мавҷудияти организмҳои зинда мебошад. Об сарвати бузурги иқтисодист, ки тавассути он иншоотҳои азими ҳаётан муҳим ва зарурии кишвар ба мисли нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба истифода дода мешавад. Аз ин рӯ, онро сарфакорона ва оқилона бояд истифода на-муд, то ин ки ҷумхурӣ аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ба зудӣ раҳо ёбад. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қиммат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танхо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули хушбахтии олами ҳаётӣ мебошад.
Хулоса, яке аз масъалаи муҳими замон ҳифзи сарватҳои табиат аст. Агар обро сарфакорона мавриди истифода қарор дода, софии онро таъмин созем, ҳаёти солимро хоҳем дарёфт, Тарзи солими зиндагӣ бо маданияти баланди инсон вобаста аст. Субҳ бо нур оламро мунаввар намояд, об вуҷуди оламу одамро пок сохта, равшан менамояд. Аз ин рӯ, об манбаи рушноист.
Мавлуда Назарова.