Варзиш Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дастаи мунтахаби футболбозони мамлакат дастаи мунтахаби Муғулистонро дар сафар мағлуб намуд

Тавре хабар доданд,  дар  шаҳри Улан Батори Муғулистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби  футболи  Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд.

Ин вохӯрии ҷолиб бо ҳисоби 1:0 бар нафъи  футболбозони  тоҷик хотима ёфт.  Ягона голи ин дидорро  Давронҷон Эргашов дар дақиқаи 81 ба ҳадаф расонид.

5 сентябр бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни  дастаҳои  мунтахаби   футболи  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бо  иштироки    мухлисони сершумори  футболи тоҷик  дар сатҳи баланду  хотирмон  баргузор шуд. Дар ин  рақобати ҷолиб футболбозони   тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф  расонид.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022

Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм

Гурӯҳи «F»

Даври  1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Бозиҳои оянда:

Даври  2-юм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон 0:1 Тоҷикистон

Гол: Давронҷон Эргашов  дақ. 81

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Япония – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма

Даври  4-ум
15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон  – Япония
Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянма – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври  6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянма – Муғулистон

Даври  7-ум

26 марти 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон  – Муғулистон
Япония – Мянма

Даври 8-ум

31 марти 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония
Мянма – Қирғизистон

Даври  9-ум

4 июни 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври  10-ум

9 июни 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон  – Мянма
Япония – Қирғизистон