Хабарҳо

Чаро Кабирӣ аз гузаштаро ба ёд овардан метарсад?

Чаро Кабирӣ аз гузаштаро ба ёд овардан метарсад?
Баромади Муҳиддин Кабирӣ бо ном раиси Паймони миллии Тоҷикистонро аз тариқи сомонаи ҳамин паймони дурӯғин бо диққат гӯш кардам. Бисёр изҳори миннатдорӣ намуд, ки ба онҳо барои худсафедкунӣ дар маҷлиси солонаи САҲА минбари сухан доданд. Ба ғайр аз ҳамин созмон баромади Кабирӣ ва ҳамроҳонашро дар дигар созмонҳо надидаем. Зеро онҳо кию чӣ амал доштани роҳбарони ҲНИ-ро аз об рушантар медонанд. Агар САҲА ҳам бихоҳад, ки дар Тоҷикистон сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ пойдору устувор бимонад, (охир як ҷузъи номи ин созмон амният аст) ҳеҷ гоҳ он ҳизбу гуруҳҳоеро, ки ба давлату миллат ва мазҳаби гузаштагони хеш хиёнат ва ҷиноят содир кардаанд, даъват наменамояд.
Кабирӣ дар баромадаш дар бораи сухани ҳақро гуфтан гап мезанаду худ дурӯғ мегӯяд. Мо дар Тоҷикистон зиндагӣ карда то ҳол надидаем, ки ҳуқуқи касеро беасос поймол карда бошанд. Вале ту аз Европа ҳамаи инро чи тавр мебинӣ? Ба маълумотат мерасонам, ки дар ноҳияе, ки ман зиндагӣ ба сар мебарам, дар баъзе деҳаҳо ду масҷиди панҷвақта амал мекунад. Чаро ту ва ҳамроҳонат рӯсиёҳӣ карда мегӯед, ки гӯё дар Тоҷикистон озодии виҷдон поймол карда мешавад.
Кабирӣ дар баромадаш таъкидан гуфт, ки аз таърихро ба ёд овардан фоидае нест. ” Таърихро ба таърих супоридан” лозим аст. Ин сухани айнан гуфтаи ӯст. Мо, (мо гуфта ман тамоми мардуми Тоҷикистонро дар назар дорам, онҳоеро, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваранд) хуб медонем, ки чаро ту Кабирӣ ва аъзоёни паймони дурӯғинат аз гузаштаро ба ёд овардан метарсед.
Охир ҳамин шумо ҲНИ-тиён будед, ки бо фармони хоҷагони хориҷиатон дар Тоҷикистон мардумро ба гуруҳҳо ҷудо намуда, ҷанги шаҳрвандиро барангехтед. Он зарари молию ҷонӣ ва маънавие, ки ба мардум расонидаед, ба ягон ҳисобу китоб рост намеояд. Инро худатон аз забони масъулини ин ҳизби хунхор ки якҷоя кору фаъолият доштед, як бор не сад бор шунидаед. Баъди баромади Аёмиддин Сатторов, Сайд Қиёмиддини Ғозӣ ва даҳҳо нафар роҳбарони ин ҳизб, ки аз он рӯ гардонида дар бораи ҲНИ ва роҳбарони он, аз ҷумла ту Кабирӣ ҳақиқати ҳолро гуфтанд, мебояд, ки агар туву ҳамроҳонат каме шарму ҳаё дошта бошед, худсафедкуниро бас кунед.
Дар бораи гузаштаро ба ёд наовардан, яъне таърихро як байти ҷовидонаи устод Рӯдакиро ба ёдат меорам, ки ( агар ин байтро медонистӣ ҳеҷ гоҳ таърихро ба таърих намесупоридӣ) фармудааст:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Ба гуфти ту Рӯдакӣ хато гуфтаст? Таърихро яъне амалҳои шумо ҳинитиёнро фаромӯш созему бегуноҳатон эълон намоем. Охир оби чашми он модарон, ки фарзандони худро аз даст доданд, он бонувоне, ки бе шавҳар мондаанд, то ҳол хушк нашудааст. Пас, чӣ тавр он рӯзҳоро фаромӯш кардан мумкин аст?
Он рӯзҳои мудҳише, ки ба сари мардум овардаед, чун рӯзҳо ва солҳои сахтарини ҳаёти мардум боқӣ мемонад ва барои дубора такрор нашудани чунин мусибат мо ҳамеша онро дар хотир нигоҳ медорем ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба ёд меорем.
Дар ҳар баромадатон як суханро тутивор такрор менамоед: дар Тоҷикистон ҳукумати оилавӣ ҳукумрон аст. Кадом ҳукуматро дар назар доред, мо намедонем. Хуб медонем, ки сарвазир, раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо ва дигар вазирону роҳбарони ташкилоту муассисаҳои бонуфуз ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон алоқаи хешутаборӣ надоранд. Агар фарзандони Пешвои миллатро дар назар дошта бошед, ба гуфти шумо онҳо бояд рафта подабонӣ кунанд? Онҳо ҳамчу шаҳрванди Тоҷикистонанд ҳақ доранд интихоб кунанд ва интихоб шаванд.
Агар ту Кабирӣ минбаъд сухани ҳақро гуфтан хоҳӣ аввалан ҷинояти нисбати давлату миллат содирнамудаатро ба гардан бигир. Дувум иқрор кун, ки Паймони миллиат Ҳамон ҲНИ- аст. Сеюм ҳеҷ гоҳ аз номи миллат ва мардум сухан магӯ, зеро мардум ба шумо нест.
Сайалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.