Баромади табрикии раиси ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5.10.2019)
Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гиромӣ!
Боиси ифтихор аст, ки дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои башарӣ мардуми тоҷик асрҳои аср забони худро гиромӣ дошта, то ба имрӯз азизу муқаддас нигоҳ доштаанд ва барои нобу покизагии забони давлатӣ талош меварзанд.
Ин аст, ки барои гиромидошти забони давлатӣ ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ табрик намуда, бароятон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
Иди забони тоҷикӣ яке аз санаҳои муҳими таърихию сиёсии мамлакат маҳсуб ёфта, аз худогоҳиву худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Забони тоҷикӣ тули ҳазорсолахо хамчун забони расмии муошират ва коргузорӣ байни мардуми Мовароуннаҳру Хуросон ва ҳудудҳои собиқи Осёи Марказӣ хизмат намудааст.
Ҳанӯз дар оғози асри 9 ва 10-и мелодӣ забони тоҷикӣ мартабаи баландро соҳиб шуда, бо кӯшиши хонадони Сомониён забони сиёсату давлатдорӣ, баргузории ҷамъомаду маҷлисҳо ва забони аҳли илм ва фарҳангу адаб гашта буд.
Баъди аз байн рафтани аввалин давлати тоҷикон – давлати Сомониён душманони миллат мехостанд забони тоҷикиро аз байн баранд. Лекин осори бузурги маънавии забардасти адабиёти тоҷик ба монанди устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абӯалӣ Ибни Сино, Носири Хисрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо дигарон садди роҳи ин кор мегардид.
Ҳарчанд дар муддати зиёда аз ҳазор сол дар сарзамини тоҷикнишин давлатҳои гуногуни қавмҳои саҳрогарду кӯчманчии турку араб ва муғулу манғит ҳукмронӣ карда бошанд ҳам, забони тоҷикӣ ҳамчун як рамзи миллии халқи тоҷик дар байни онҳо мавқеашро мустаҳкам нигоҳ дошта тавонист.
Дар ин давлатҳои гуногуннажод хат ва матбуот, коргузорӣ ва давлатдорӣ ба забони форсии тоҷикӣ сурат мегирифт.
Сабаби нуфузи тоза ва умри ҷовидона пайдо намудани забони тоҷикӣ дар он буд, ки доираи гуфтугузор ва истифодааш қисми зиёди марзҳои Осиёи Марказиро фаро мегирифт. Сабаби дигар он аст, ки дар дунё кам вомехӯранд забонҳое, ки мисли забони тоҷикӣ таркиби бои луғавӣ ва дорои ифодаи чанд паҳлуи як фикрро дошта бошанд.
Маҳз хамин сифатҳои забони ноби тоҷикӣ буд, ки халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадима ва дорои захираҳои бои маънавӣ ба ояндагон муаррифӣ кард ва то даврони Шӯравӣ побарҷо нигоҳ дошт.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагии халқ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, озодии забон андаке бошад ҳам ҳис карда мешуд. Шоиру нависандагон ба ин забон шеър ва қиссаву достонҳо меофариданд. Таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳо ҷорӣ карда шуд.
Аммо барои рушди устувори забон маҳдудиятҳои сунъӣ, ба монанди танг будани доираи мавзӯҳои адабӣ, аз қолаби муайян набаромадани эҷодкорон, ба забони ғайри тоҷикӣ сурат гирифтани ҷамъомадҳо, чорабиниҳо ва тартиби ҳуҷҷатгузории расмӣ монеаҳо эҷод мегардиданд, ки ба пешравии забон халал мерасониданд.
Ин тангравиҳо дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта як зумра равшанфикрони тоҷикро ба шӯр оварда, онҳоро паи мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ водор намуд. Бо ҷаҳду талошҳои чандинкаратаи зиёиёни тоҷик дар иҷлосияи 10-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мартабаи баланд – забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Рӯзи 22-июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ин рӯз ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ эълон гардид, ки имсол бо қабули аввалин Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Ҳамдиёрони азиз! Дар солҳои сохибистиқлолии кишвар Рӯзи забон шукӯҳу шахомати махсусро соҳиб гашт.
Дар ҷумҳури комиссияи махсуси татбиқи Қонуни забон таъсис ёфт, ин комиссия дар сатҳи ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо низ ташкил карда шуданд.
Моддаи дуюми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати забонии ҷумҳурӣ бахшида шуда, забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муайян гардидааст.
Дар хақиқат забон нишонаи асосии миллат буда, дар баробари нишону парчам ва суруди миллӣ, шумораи аҳолӣ ва марзу бум яке аз рукнҳои асосии давлат ба шумор меравад.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллb-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора намудааст: «Забон хишти аввалини Кохи миллат аст. Агар забони миллат аз даст равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Қонуни нахустини забони тоҷикӣ арзишҳои миллӣ, маънавию фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷикро ба пуррагӣ таҷассум карда наметавонист.
Чунки асосҳои таъсиси ин қонун дар замони шӯравӣ таҳия гашта, зери таъсири арзишҳои ҳизби ҳукмрон қарор дошт. Инчунин бо дигар гаштани талабот ва шароити замон зарурат пеш омад, ки қонуни нави забони тоҷикӣ қабул карда шавад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 – октябри соли 2009, № 553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он ба замон ва шароити нав, ба даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду нумуи забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шуд.
Тағйироти дигар дар Қонуни ба тозагӣ қабулгардидаи забон ин иваз намудани Рӯзи таҷлили иди забон мебошад. Бо мақсади дастрасӣ ва иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишомӯзону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ рӯзи ҷашни забон аз 22 июл ба 5 октябр гузаронида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои марбутаи соҳа ба рушду нумуъ ва риояву тозагии забон диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Ҷиҳати риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия камбудиҳою норасоиҳо ба чашм мерасад.
Дар ҷамоатҳои деҳот ба фаъолияти ҳуҷҷатдорӣ, таблиғотӣ, шиору овезаҳо диққати зарурӣ дода намешавад
Аз ин рӯ зарур мешуморам, ки риояи Қонунро дар ҳамаи сохторҳои дар ноҳия фаъолият дошта санҷида, оид ба ислоҳи камбудиҳо ва татбиқи амалии қонун чораҳои зарури андешида шавад.
Дар нишасту ҷамъомадҳо Сарвари давлат, ҷиҳати риояи қоидаҳои имлоӣ ва услубии забони тоҷикӣ дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар коргузориву ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили омӯзиши забони давлатӣ, пурра гузаштан ба талаботҳои забони тоҷикӣ ва омӯзишу риояи ҳаматарафаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар карда, пайваста таъкид мекунад, ки ба тозагии забон эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Набояд фаромӯш кард, ки забон барои як давраи муайяни таърихӣ ва барои як насл хизмат намерасонад, балки забон худ пайвандгари давраҳо ва наслҳои миллату давлат аст.
Ҳар як фарди тоҷик вазифадор аст, ки пеш аз ҳама забони давлатии ҷумхурӣ – забони тоҷикиро омӯзад, донад ва бо он озодона муошират намояд. Бинобар ин мо соҳибони забонро лозим меояд, ки забони нобу равони тоҷикиро покиза нигоҳ дошта, ба насли оянда як лафзи хушу гуворо ва орӣ аз ҳаргуна калимаҳои хушку бемаъноро ба мерос гузорем.
Бо ҳамин нияту орзухои нек бори дигар Шуморо ба иди забон табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар гуфторатон суханҳои нарму шевои тоҷиконаро таманно дорам.
Ид муборак ҳамдиёрони азиз!