Хабарҳо

МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ.

МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ.

Вақтҳои охир барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик пурра маълум гардид, ки он ҳама бесарусомониҳое, ки аз солҳои 90-ум то ин ҷониб ба сари халқи мо омадааст, мутаасифона он ҳама бо шарофати наҳзатиҳои палид ва ҳизби бадхоҳу мансабталаби ин афрод сар задаст.

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 ташкил гардида, 28 сентябри соли 1999 ва баъди 15 октябри соли 2003 ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуда буд.

Бо вуҷуди он, ки тибқи оиномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳадафи ҳизб аз ҳифзи Истиқлолияти сиёсии кишвар, забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ, ҳимояи якпорчагии Тоҷикистони азиз ва пос доштани Ваҳдати миллӣ иборат бошад ҳам, мутаасифона солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстимистидоштаро содир намуда, боиси нооромиҳо дар кишвар халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум мегарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки гурўҳҳои бадхоҳ ва ифротӣ дар Ироқ, Миср  Сурия ва дигар давлатҳои ҷангзада бештар ҷавононро гумроҳ намуда ба худ ҷалб месозанд. Ҳадафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ маҳз гумроҳ сохтани ҷавонон ва ба ин роҳу восита ба даст оввардани ҳокимияти сиёсии кишвар буда мехостанд тоҷиконро ба тарзи зиндагонии асрҳои миёна бозгардонанд. Вале аъзоёни палиду бадхоҳи ТЭТ ҲНИ набояд фаромуш созанд, ки дигар мардуми тоҷик ба хусус ҷавонон он насли содаю гумроҳи асри 20 нестанд.

Мо ҷавонон хушбахтона имрўзҳо дар фазои осоиштаи Тоҷикистони соҳибистоқлол, ҳаёт ба сар мебарем ва тамоми шароитҳо барои таҳсил, фаъолият ва зиндагонии осоиштаи мо бо ташаббусу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззаму ғамхори миллат муҳайё гардидааст. Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо ҳадафи ягонаи мо ҷавонон низ дар риштаҳои гунонгун чун мутахассисони арзанда таҳсилу фаъолият намудан ва ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон, пос доштани Исиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ буда, то лаҳзаҳои охирин, ки дар бадан ҷон дорем бо ин қишри нопоки ҷомеа мубориза бурадан аст, зеро мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем!!!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *