Аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудани 2644 маҳбус
Аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 805 маҳбус ба озодӣ баромад.
Ба иттилои Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 165 маҳбус раҳо гардид. Манбаъ афзуд, ки шумораи умумии маҳбусони то 29 октябр аз маҳбасҳои ҷумҳурӣ озодшуда ба 2644 нафар мерасад.
Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, боз як далели дигари инсондӯстона будани сиёсати дохилии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдом гувоҳи ба ҳам пайваста будан ва эҳтироми тарафайни давлат ва шаҳрванд буда, дар асоси принсипи ҳуқуқии башардӯстона рӯйи кор оварда шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳуриамон аз ҷониби Роҳбари ғамхору халқпарвар дар солҳои истиқлол 15 маротиб қонуни авф қабул шудааст. Бори охир соли 2016 дар асоси Қонуни авф 12 ҳазор маҳбусу гумонбаршудагон аз ҷазои ҷиноятӣ озод шуданд.
Қонуни нави авф аз санадҳои қабулшудаи солҳои пешин оид ба авф фарқ карда, тибқи маълумоти пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони ҷиноятсодирнамуда, аз ҷумла нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.