Хабарҳо

16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябр – Рӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофики моддаи 2-юми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид», ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, минбаъд дар Точикистони азизи мо рузи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар чамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯрихои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардумиТоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби мидлати мо мухтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар назди халку Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Точикистони сохибистиклол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Точикистон ба шакли Ҷумхурии Президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи хассоси таърихӣ, ки ватанимо пеш аз хама, ба сулху суббот ва вахдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзур намудани хокимияти ичроия, баланд бардрштани самаранокии он, кабули фаврии Қарорхои идорӣ, такмили механизми ичрои Қонунхо, тахкими конуният ва тартиботи ҳуқукӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огохона буда, махсули сабакхои таърихӣ ва натичагирихо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба хисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми Президентӣ на танхо боиси начоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми сохахои идораи давлатӣ, аз чумла иктисодиёт, сиёсат, фарханг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Мувофики мукаррароти       Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Президенти Ҷумхурии Точикистон Сарвари давлат ва Раиси хокимияти ичроия хисоб шуда, хомии хукуку озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиклолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлатӣ ва хамкорони онхо, риояи карододхои байналмилалии Точикистон мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти “Рӯзи Президенти Чумхурии Точикистон” ба маънои дарки ахамияти калидии ин ниходи давлатӣ дар хифзу тараққии давлатдории миллии мо ва хамчунин, чашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишхои баланди давлатӣ, миллӣ ва шахрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумхурии Точикистон ҳамчун кафили конститутсионии онхо фаъолият мекунад. Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон” чашни ҳар як шахрванди худшиносу ватандӯст ва чашци ҳар як сокини озоду осудаи Точикистони азиз аст. Хамчун давлатй мустакил ва устувор ба як вокеияти имкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Имрӯзхо дар тахлилхои илмии сиёсй нисбат ба кишвархое, ки масъалахои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ханӯз равшан нест, истилохи «Давлатхои ноком»-ро ба кор мебаранд. Ва гохе бадхохони давлатдории точикон низ мехостанд, ки давлати мо маҳз дар ин радиф карор гирад. Вале имрӯз, мо метавоцем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустакил барпо шуд, ҳамчун вокеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт! Дигар хеч кассе ва хеч нерӯе наметавонад, ки мавчудияти Точикистон, Истиклолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Чумхурии Точикистон ба ин ниходи давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Рахмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳукукию сиёсии ниҳоди Президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил дихад. Илова бар ин фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ПрезидентиҶумҳурии Точикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии точиконро ба вучуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятхои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Хамин тавр, дар таърихи давлати  сохибистиклоли мо мафҳуми “Президенти ҶумхурииТочикистон” бо шахсияту хидматхои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ. дар “Рӯзи Президент” беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,

Суханаш нуру минбараш нураст.

Қадамаш хуррамию ободй,

Ватанаш нуру кишвараш нур аст.

Ба илаби тира дастболошуд,

Офтобе, ки лашкараш нур аст.

Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,

Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.

 Дастовардхои    бунёдии    Ҷумҳурии    Точикистон    зери    роҳбарии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, хамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккулёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навкад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошнои доранд, Эмомали Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраитабиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматхои бунёдӣ мебошанд.