Хабарҳо

Конститутсия манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва ифодагари манфиатҳои волои халқ мебошад

Конститутсия манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва ифодагари манфиатҳои волои халқ мебошад

Санаи 5 ноябри соли равон дар толори навбунёди замонавии муассисаи таълимии №4 воқеъ дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷашни бошукуҳи 25 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.дар таҷлили рӯзи қабули ин санади тақдирсози миллӣ ҳама коолективи кормандон аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат доштанд. Баъд аз кушода шудани чорабинӣ раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам суханронӣ намуда, гуфт: «Дар партави сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат имрӯз ҷашни муқаддас-25 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ба ин муносибат бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамдиёрони азизро табрику таҳният гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву хонаободӣ, сулҳу осоиш ва ба Ватани маҳбубамон пешрафту шукуфоиро таманно дорем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Таҳия ва қабули Конститутсия дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани шуури сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат саҳми муассир дорад.

Дар раванди таҳия ва муҳокимаи лоиҳа ҳамзамон қабули конститутсияи нав сокинони кишвар фаъолона иштирок намуда, вобаста ба ин муҳтарам Пешвои миллат фармудаанд: «Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифамон таҳия гардидааст, танҳо бо шарофати кӯшишу талошҳои мардуми Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».

Конститутсияи мамлакат ҳамчун инъикосгари ғояҳои инсондӯстона бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдории миллӣ таҷассум гардидаанд. Бо дарназардошти он, ки омили пешрафти соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ арзёбӣ мегардад, Конститутсия эълон доштааст, ки Тоҷикистон дар ҳама самтҳо сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Чи тавре аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ниёгони мо ба масъалаи озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳанӯз 2500 сол муқаддам таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудаанд ва «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» сарчашмаи он маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати муҳтарам Пешвои миллат ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардид.

Эътирофи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон буда, шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

Бо мақсади боз ҳам мукаммалгардонии санади асосии давлатӣ ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуда, дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ховалинг низ, фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати такомули ин санади муҳим ибрози ирода намуданд.

Бо шарофати сиёсати ояндабини Роҳнамои миллат ва таъмини муқаррароти Конститутсия дар баробари дигар минтақаҳои кишвар ноҳияи Ховалинг рушду такомул ёфта, бо азму иродаи бунёдкоронаи мардуми ноҳия як қатор корхонаҳои саноатӣ, иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои зиндагии осудаи мардум шароити мусоид фароҳам омад. Ҳамзамон дар мамлакат як қатор қонунҳое ба тасвиб расиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона шуда, дар заминаи онҳо некӯаҳволии мардум беҳ гардида истодааст. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба манфиати ҳар як фарди ҷомеа ва танзими роҳу равиши зиндагонӣ нигаронида шуда, иҷрои талаботҳои онҳо моро ба ояндаи нек роҳнамун месозад.

Таҳаввулоти сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бо сабаби сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ба вуқуъ пайваста, ихтилофи мафкуравию мазҳабӣ ва бархурди манфиатҳои сиёсиву амалиётҳои мусаллаҳона хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст. Вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳон аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ба қадру қиммати сулҳу суботи комил ҳамчун арзишҳои муқаддастарин расида, нагузорем, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гардад.

Барои ин моро зарур аст, ки дар чаҳорчубаи талаботи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста талош варзида, наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия намоем.

Конститутсияи давлати демократии мо қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқ, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон буда, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ховалинг баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузошта, дар асоси бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат содиқона талош меварзанд.

Бо ибрози чунин ақидаҳои нек бори дигар Рӯзи қабули муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар-Конститутсияро ба ҳамдиёрон шодбош гуфта, таманно дорем, ки хуршеди сулҳу ваҳдат то абад равшангари кишвари маҳбуб ва ҷашни фархундаи рӯзи Конститутсия барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи диёр саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу кушоишҳо оварад».

Сипас, якчанд нафар аз аҳли толор низ суханронӣ намуда, перомуни таҳия ва қабули ин ҳуҷҷати муҳими давлатдорӣ фикру ақидаҳои худро баён доштанд. Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Аблумуъмин Ҳасанов ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар охир аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, муҳассилини муассисаи таълимии №4 ва хонандагони матаби санъати бачагонаи ба номи Фатҳидин Тешаев барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд, ки писанди аҳли толор гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *