Хабарҳо

АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!

АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!

Дар охири  асри 19-20  амалҳои  террористӣ  бештар  характери  сиёсӣ  гирифта,  доираи  фаъолияти  террористон  хеле  васеъ  мегардад. Бо инкишофи  техника  ва  технологияи  нав  шаклу  намудҳои  нави  террористӣ  ба вуҷуд  меоянд, ки  аз руи иқтидори  харобиоварашон   ба амалиёти  калони  ҷангӣ  шабоҳат  доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми сарбаланди тоҷикро доимо аз хавфу хатари рух додани амалҳои терористӣ гӯшрас менамоянд. Зеро терроризму экстремизм дар замони имрӯза хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст ва ягон давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон Ватани маҳбуби мо низ аз хатарҳои ин гурӯҳҳои нопок эмин нест. Дар ду соли охир аз амалҳои нопоки ин қишри заҳролуду зараровари ҷомеа чандин амалҳои нопоку разилона сар заданд, ки оромии мардуми тоҷикро борҳо халалдор сохтаанд, ки мисоли ин гуфтаҳо амалҳои террористии гурӯҳҳои ТЭТ ҲНИ, ДИИШ, куштори ваҳшиёнаи саёҳони хориҷӣ, амалиёти террористи дар муассисаи ислоҳии 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ва ахиран ҳуҷуми террористон шаби 6-уми ноябри соли равон ба дидбонгоҳи сарҳадии № 4-и қисми отрияди сарҳадии “Султонобод”-и ноҳия Рудакӣ, гардида метавонад.

Террористон  мехоҳанд, мақсаду  мароми  худро  бо роҳи  зӯроварӣ, куштор, тарсу  ваҳм  амалӣ  созанд. Террор  кардан,  ҷомеаро  ба ҳолати  тарсу  даҳшат  ва  ноумедӣ  афкандан  аст.

Мо сокинони ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла кормандони АДСИН-и ноҳия аз ин амалҳои ваҳшиёнаи душманони миллатро  сахт маҳкум менамоем.

Ин ҳодисаҳо ва амалҳои номатлубу ваҳшиёнаи моро водор менамоянд, ки дар атрофи сиёсати сулҳҷуёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳама гуна падидаҳои номатлуби замон муборизаи беамон барем.

 

Икромов Али- сардори АДСИН ноњия