Хабарҳо

САРҲАДИ НАФС

САРҲАДИ НАФС

Чуноне, ки медонем љањон ва ҳастии он бо худ як мақом, маром ва њадафњои муаяне дорад. Ҷомеаи имрӯзаи сайёра низ бо ҳамин ҳадафҳо ва низоми ягонаи ҷаҳони ҳаёт ба сар мебаранд. Вале гоњњо мебинем, ки гурӯрҳое пайдо мешаванд, ки побанди ҳавою нафс шуда аз низом ва мақоми хеш беандоза берун пой мегузоранд.

Дар мисоли ин метавон гуфт, ки гуррӯњҳои террористӣ ва ифротгаро яке аз бадтарин гуррӯҳои сайёраи башарият аст, ки дар худ ҳеҷ низоме надорад ва барои дарёфти мақом ва ҳокимият аз њар сангаре гузашта, амали муғризона анљом медиҳанд. Ин гурӯҳҳо бо дастгирии хоҷагони ношоистаи худ, ки  виҷдон ва ҳастии худро бо пул ва мансаб иваз кардаанду дар замири онҳо аз инсоният ҳеҷ хабаре нест, маблағгузор шуда, бо фиребу ваъдаҳо ҷони ҳазорон инсони бегуноњ, алалхусус тифлакони маъсумро, ки метавон гуфт аз љањони одамият чизе намедонанду ба арзи як сари хасе ба касе зарар нарасонидаанд ва қалби саршор аз некию муњаббат ба ҷаҳони ҳасти доранд ба хатар мегузоранд.

Боз гуё барои низом ва ҳақу ҳуқуқи инсоният ҷонфидои мекунанду дар ру бо ниқоби ғамхори дину мазҳаб ва мардуми меҳрубонанд .

Вале агар ақл заррае дар сари ин гуррӯҳҳои замон ҷой мегирифт он гоҳ медонистанд, ки чаро аз ҳади худ ва сарҳаду низоми инсоният гузаштанд. Барои рушантарин калом ёд меояд, ки шоир фармудааст.

Пари товус нафис аст ба каргас нарасад,

Ақл ҳам чизи шариф аст ба њар кас нарасад.

Бо ҳамин метавон ёдрас намуд, ки гарчӣ шумо зери ниқобед вале чашми ҳақбин мебинад, ки шумо кистед ва марому мақсади нопоки шумо аблаҳони палид чист.

Мо ҷавонон хушбахтона имрӯзҳо дар фазои осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлолӣ, ҳаёт ба сар мебарем ва тамоми шароитҳо барои таҳсил, фаъолият ва зиндагонии осоиштаи мо бо ташаббусу ғамхориҳои

Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззаму ғамхори миллат муҳайё гардидааст. Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо ҳадафи ягонаи мо ҷавонон низ дар риштаҳои гунонгун чун мутахассисони арзанда таҳсилу фаъолият намудан ва ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон, пос доштани Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ буда, то лаҳзаҳои охирин, ки дар бадан ҷон дорем бо ин қишри нопоки ҷомеа мубориза бурадан аст, зеро мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем!!!

Савринисо Давлатова – котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия