Ҳама ҷо дӯкони ранг аст, ҳама ранг мефурӯшад,
Дили ман ба шиша сӯзад, ҳама санг мефурӯшад.
Дирӯз, 15 декабри соли ҷорӣ дар фазои маҷозӣ суҳбати скайпии ду махлуқи муханнасӣ сиёсатзадаи муқими Амрико ва Аврупо пахш гардид. Яке, раиси ҳизби фирорӣ ва манъшудаи наҳзат “оқо”-и гумном ва дигаре шахси мафтуни гранди амрикоӣ, ки бо ҷоҳилӣ ва саҳлангории истисноӣ ҷилванамоӣ менамуданд. Ин “мусоҳиб” аз дохили “КАМАЗ” мусоҳиба оростааст. Аҷиб он аст, ки “блогер”-и навбаромад, ки муқими Амрико ва худро фаъоли сиёсӣ меномад, ба забони тоҷикӣ дуруст суҳбат карда наметавонад ва он чӣ, ки аз лексикони ӯ “метаровад”, дар қолаби шеваю лаҳҷаи нимарусиву олами ҷиноии ғализ ғунҷоиш дорад. Кабирӣ ҳам аз ҳамсуҳбат кам наомад, қафо намонд, бо шеваи нимаафғониву лаҳҷаи теҳронӣ рӯнамоӣ кард. Ин дар суратест, ки ҳар ду аз Конститутсия ва Қонуни ҶТ “Дар бораи интихобот”, ки танзимгари раванди чорабинии муҳими сиёсӣ мебошанд, мутлақан бӯе намебаранд. Бо он ки “блохер” Каримзода ба забони давлатӣ ва миллӣ балад нест ва ҳангоми ироаи матлаб аз шеваю лаҳҷа дар шакли дурушту дағал истифода мекунад, дар тафсири қавонини интихоботӣ, наҳваи муборизаи сиёсӣ дар Парлумон, нақши аслии муҳоҷир дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ суханҳои сатҳӣ ва дур аз воқеият дар миён меоварад. Зиёда аз ин, суҳбати ба ном ихтисосии ӯ бо раиси ТТЭ ҲНИ ҳам марбути фаъолиятҳои сиёсии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст. Аммо сатҳи мусоҳибаороӣ ва пурсишгариро дида, кас аз ояндаи чунин муҳоҷироне, ки ҳатто ба забони одии тоҷикӣ суҳбат карда наметавонанд ва бо лаҳни даҳали омехтаи тоҷикию русӣ суҳбат мекунанд, ноумед мешавад. Ба ҳар сурат, ба муҳтавои суҳбати ин ҷуфти олуфта ва аз вазъи воқеии кишвар бехабар иҷмолан таваҷҷуҳ мекунем:
1.Кабирӣ дар посух ба суоли аввалин ба ин мазмун, ки оё муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии мамлакат аз тариқи интихобот ва дар симати вакил ширкат карда метавонанд, мегӯяд, ки бештари муҳоҷирони меҳнатӣ насли ҷавон мебошанд ва онҳо нисбат ба сиёсат ва масоили сиёсӣ дидгоҳи худро доранд. Албатта, насли ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия машғули коранд, ҳаққи ширкат дар умури сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро доранд, аммо суоли матраҳ ин ҷост, ки аксарияти онҳо саводи кофӣ надоранд ва аз шинохти равандҳои муосири сиёсӣ, ки бар мабнои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии баъзе доираҳои манфиатхоҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён мегиранд, бархӯрдор нестанд. Бинобар ин, дар банду асорати гурӯҳҳои радикал ва тундрави динию мазҳабӣ афтида, ба таври нохудогоҳ ба хидматкори созмонҳои террористию экстремистӣ табдил меёбанд. Ҳамин нуқтазаъфи як иддаи бузурги муҷоҳирони ҷавони тоҷик (манзур ноогоҳӣ, камдонишӣ ва беиттилоои онҳо)-ро мадди назар қарор дода, гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва созмонҳои зиддимиллӣ онҳоро ба тарафи хеш ҷазб карда, ба гирдоби моҷароҳои сиёсӣ мекашанд.
2.Тавре ки болотар ишора кардем, саводи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии насли ҷавони муҷоҳирони тоҷик маҳдуд аст ва аз ин маҳдудияти фикрию бинишӣ доираҳои бозигар васеъ истифода мебаранд. Дар даҳ соли ахир, агар иштибоҳ нашавад, садҳо ва ҳазорон нафар аз насли ҷавони мо, ки ба Русия муҳоҷират кардаанд, ҷаҳонбинии ифротӣ касб карда, масоилро дар доираи бинишҳои маҳдуди хурофотӣ матраҳ мекунанд. Ин нуктаро аз тарзи биниш, шеваи навишт, лаҳни баррасӣ ва пахши матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ, масалан, Одноклассники метавон пай бурд. Мутаассифона, аксарияти муҳоҷирони ҷавоне, ки дар шаҳрҳои Русия кору фаъолият мекунанд, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фазою муҳити носолими фикрию эҷодӣ ба доми мутаассибони мазҳабӣ меафтанд ва ба сабаби ноогоҳӣ ба мубаллиғони исломи сиёсӣ дар сатҳи хонаводаҳо табдил меёбанд. Нуфуз ва ҳузури хурофоту таассуби мазҳабӣ ба ҳаддест, ки ҷавонони муҳоҷир ва ҳатто насли ҷавонеро, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ (Аврупою Амрико) кору таҳсил мекунанд, сироят намудааст. Матолиб ва изҳори назарҳои баъзе ҷавонони дар Аврупо ва Амрико кору фаъолиятдоштаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мурур карда, ба натиҷае расидан мумкин аст, ки доираҳои махсуси дохилию хориҷӣ барномаи густардаи мағзшӯии ҷавонон, ба вежа насли ҷавони муҳоҷирро роҳандозӣ намуда, бо зеҳниёти онҳо бозӣ мекунанд. Дар гузашта истифода аз нерӯи ҷавонон барои доираҳои сиёсии наҳзатӣ авлавияти барномавӣ ва асли стратегӣ будааст ва имрӯз элитаи фирории наҳзатӣ аз ин политтехнология ба таври ҷиддӣ сӯиистифода мекунад. Аз ин рӯ, Кабирӣ дар суҳбат бо ронандаи овора, ки аз зумраи ҷавонони ғофил ва чалласавод маҳсуб меёбад, ба иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар умури сиёсӣ таҳрик намуда, рӯйи насли ҷавони муҳоҷир, ки таҷрибаи сиёсӣ ва фикрӣ надорад, тамаркуз мекунад. Кабирӣ даъво пеш меоварад, ки ҷавонони муҳоҷири тоҷикро фиреб кардан душвор аст, дар ҳоле ки худ онҳоро бо фазлфурӯшиҳо, шиорпароканиҳо ва пешдовариҳо фиреб мекунад ва худ ва барномарезиҳои ҳизбиаш ҷазб менамояд. Ва ба гунае нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон ҷавони муҳоҷири тоҷикро бо фазлфурӯшиҳо гул зад ва аз масири дурусти зиндагӣ мунҳариф сохт.
- Кабирӣ, ки ду маротиба вакили парлумони вақти Тоҷикистон буд, фаромӯш кардааст, ки солҳост дар ҷумҳурӣ барномаи низомманди озоду шаффофи интихобот, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, роҳандозӣ шудааст. Зимнан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот озод аст ва ҳар шаҳрванди синни интихобидошта дар интихобот озодона ширкат меварзад, интихоб мекунад ва интихоб мешавад. Аз ҷумла, моддаи 4 (Ҳуқуқи умумии интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд. Бар асоси моддаи 3 (Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баробарии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ кафолат дода мешавад: “Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди нисоб (квота) муқаррар карда намешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад”. Аз ҳама муҳим, дар моддаи 5(Ҳуқуқи баробари интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд. Аз ҷониби дигар, барои пешбарӣ намудани номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд (моддаи 30-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”). Аз ин ҷост, ки ҳар нафари интихобкунанда ва интихобшаванда дар маъракаи интихоботӣ аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор аст ва бо доштани имконот ва таҷрибаи сиёсӣ, илмӣ ва маданӣ насли ҷавон ҳам дар ин раванди сиёсӣ озодона ва бидуни мушкил иштирок карда метавонад. Бинобар ин, суханпардозиҳо ва гаппарониҳои Кабирӣ дар заминаи шарҳи масъалаҳои марбута аз қавонини мавҷудаи интихоботӣ бехабар будани ӯро ба намоиш мегузорад.
- Мусоҳиб Каримзода бо лафзи кӯчабозории дурушт суол медод, масъалаи Парлумони Тоҷикистонро матраҳ менамуд ва Кабирӣ дар посух мегуфт, ки Парлумони кишвар, дар ҳақиқат, ҳеҷ функсияи муҳимро иҷро намекунад. Ба иддаои Кабирӣ, дар парлумони вақт ӯ ва чанд нафари дигар аснои баррасии тарҳи қавонин баҳсу мунозираҳо мекарданд, аммо имрӯз чунин талошҳо ба назар намерасанд. Чи дар замоне, ки Кабирӣ дар Парлумон ба ҳайси вакил фаъолият мекард ва чи имрӯз, ки Парлумон бидуни Кабирӣ фаъолият дорад, баҳсу мунозираҳо сари лоиҳаи қонунҳо сурат мегиранд. Дигар ин ки ҳангоми баррасии тарҳи қонунҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки аз ҳисоби аҳзоби халқӣ-демократӣ, демократӣ, сотсиалистӣ ва аграрӣ ба парлумони касбӣ роҳ ёфтаанд, баҳс мекунанд. Гузашта аз ин, раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир ба масоили доғи рӯз изҳори назар менамоянд. Бинобар ин, наметавон Парлумони кишварро таҳқир кард ва аз сӯйи вакили собиқи туристмаоб, нокоромад талаққӣ кард.
- Бардоштани масъалаи ба Ҷумҳурии Халқии Чин бахшидани як порча хоки Тоҷикистон аз ҷониби Аҳмад Каримзода ва ба унвони суол ба Кабирӣ манзур кардани он, мисли ин ки амдан сурат гирифтааст. Аҳмад Каримзода ва шахси Кабирӣ, ки як мавқеъ ва як дидгоҳ доранд, аз масъала сӯйистифода карда, тарафи Ҳукуматро дар қазияи ҷудо кардани замин ба Чин муқассир донистанд. Масъала саҳлу осон нест. Мо аз даъвиҳои Чин сари баргардонидани заминҳои таърихӣ бо дигар кишварҳо бохабарем ва медонем, ки аз тариқи даъвиҳои мушаххас ва манзур намудани далоили мувассақ дар шакли қонунӣ Ҷумҳурии Чин аз чанд кишвари минтақа заминҳояшро бозпас гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бар асоси баррасии ҳамин гуна даъвиҳо пораи заминеро, ки таърихан ба Чин мутааллиқ будааст, бозгардонидааст. Бигзарем, ҳоло фурсати чунин иддаоҳо нест ва Чин имрӯз ба сифати шарики стратегии давлати мост, аз ин лиҳоз, даъвоҳои муғризонае дар робита бо ин масъала оқибатҳои ногувор дошта метавонанд. Аммо барои тими Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳассосияти бештар бахшидани масоил ва доғтар кардани онҳо муҳим аст ва дар ин росто аз ҳар имконияти расонаӣ ва матбуотӣ истифода мекунанд.
- Дар посух ба суоли навбатии Каримзода, ки ба таъсиси Паймони миллӣ ва террористӣ хондани он аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар иртибот дошт, Кабирӣ назароти пешинашро ироа кард. Маълум аст, ки М. Кабирї бо даву ғеҷи зиёд, даркӯбиҳои созмонҳои байналмилалии аврупоӣ ва бо ҷалби се созмони мухолиф – ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози Анҷумани озодандешони тоҷик Алим Шерзамонов ва роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо Илҳомҷон Ёқубзода 9 сентябри соли 2018 созмони ба ном Паймони миллии Тољикистонро таъсис дод. Аммо ба сабаби шинохтани симои воќеии рањбарияти нањзатї ва шахси Кабирї, созмони дигари мухолиф – Анҷумани неруҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) аз пайвастан ба Эътилоф ва ба ном Паймони миллї (ИНОТ-2) канораҷӯӣ кард. Ин маънои онро дорад, ки ТТЭ ЊНИ танњо дар доирањои мањдуди фирориёни муњољир љонибдор дорад ва миёни дигар гурўњњо ва созмонњои хориљї аз эътибори љиддї бархўрдор нест. Аз ин љост, ки Эътилофи Кабирї эътилофи муваффаќе нахоњад буд ва умри дарозе нахоњад дошт, чаро ки ба он њатто тарафдорони имрўзиаш њам эътимоди решаї ва бунёдї надоранд. Ба сухани дигар, Кабирии худхоњ ва орӣ аз ҳувияти миллӣ њамеша мехостааст, ки дар сафи пеши созмон ва њаракатњои муњољири хориљї бошад ва ин “ормон” ўро ба љону њолаш намонда, саранљом амалї гардид. Дар пушти ин ќазия боз сармоягузорони минтаќавї ва созмонњои манфиатдори ѓарбї меистанд ва њимояти молию сиёсии ТТЭ ЊНИ-ро, ки лоиња-проекти даромадноки онњост, дар хориљ њам бар уњда мегиранд.
2
Набояд фаромўш кард, ки барои пардапўш кардани ниятњои бартарихоњї, исломисозї, пулпарастї ва рифоњталабї М. Кабирї, усулан аз василањои маъмули риёкории сиёсиву иљтимої ва ҳилаи шаръӣ кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муќаддасоти динї ва истилоҳоти муосири сиёсӣ — Худо, дин, мазњаб, Ќуръон, Паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорї, баробарї, бародарї, озодї, парламентаризм ва амсоли инњо бозї карда, њар яки вожагони калидиро дар љояш бо мақсади ба даст овардани султа, ќудрати сиёсї, нуфузи маданї ва неруи тиљоратї сӯйистифода мекунад. Мусоњибањо, суханронињо ва матолиби ў аз корбурди вожагони болої моломол аст ва тавассути политтехнологияи навин љомеаро тањти фишори равонї, забонї ва сиёсї ќарор додан мехоњад. Аммо ӯ нодоне беш нест ва дар пушти доираҳои ба ном демократу либерали ғарбӣ ҳадафҳои нопоки худро дунболагирӣ мекунад.
Ин сарлавҳаи мақоларо “Марде аз табори дурӯғгӯён ва фарде аз табақаи босмачиён” номгузорӣ бояд кард, ки шармандаи олам шуда, дастовардҳои сулҳро беранг сохт, табаддулоти ҳарбӣ ташкил намуду онро сармоягузорӣ кард ва ҳамчун муши обзада ба хориҷи кишвар гурехт. Дар мавҳумоти ифротии худ ғӯта зада, наҳзатиҳо дарк намекунанд, ки ба деги душман равған мерезанд, иқтидори хориҷиҳоро боло мебаранд ва дар айни замон ба нуфузи тоҷик шак доштанро талқин мекунанд, ки ин падидаро дар истилоҳоти сиёсӣ – «Хиёнати миллӣ» мегӯянд. Дар ҳамин ҷо агар ба шахсияти Кабирӣ назар афканем, мебинем, ки ин кӯтаҳандеши зеҳнӣ, чун одат кардааст ба некӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, боз ба масири тафриқаандозиву ҷангҷуӣ ва сафсатафурӯшӣ баргашта, заминаи низоъи дохилии навро муҳайё сохтанист. Агар аз тарафи коршиносони ҳодисаҳои таърихӣ дар ин мавзӯъ ҳар чӣ бештар мақола чоп мегардиду симои воқеии ин қишри ҳам барои миллату дин ва ҳам барои тамоми башарият хатарнок фош мегардид, нураналонур мебуд, зеро насли ҷавоне, ки баъд аз ин ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ворид мегардад, бояд аз таъсири норавои нерӯҳои манфиатҷӯйи наҳзатӣ ва асҳоби онҳо дар амон бошад. Сониян, агар хоҳем, ки ҷомеаи тоҷикро як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми башарият намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул диҳем.
Дар маҷмуъ, нуқтаҳое, ки Кабирӣ дар мусоҳиба ишора мекунад, ҳамагӣ беасос ва муғризонаанд. Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад. Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобавари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард. Барои чӣ? Барои он ки Кабирӣ ва фирориёни наҳзатӣ пуштувонаи мардумӣ надоранд ва то он замоне, ки тоҷик огоҳ аст, ин тоифа бар миллати азияткашидаи мо тасаллут пайдо нахоҳанд кард. Ин тоифа мисли ғулҳоеанд, ки ҳадафашон танҳо хӯрдану чаридану ошомидан аст. Танзи маҳаллӣ, ки ба шахси раҳбари наҳзатӣ муносиб аст, ҳусни мақтаъи навишта буда метавонад:
Селобаи вайронӣ дар нам-нами Файзобод,
Барзагове мечарад дар хам-хами Файзобод!
Назарзода Носир Ҷобир – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ, 17 декабри соли 2019