Таассурот аз Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Санаи 13 декабри соли равон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ин Анҷуман дар бораи бурду бохти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар панҷ соли фаъолияташ ҳисоботи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шунида шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва хурсандиовараш дар ин Анҷуман барои мо аъзоёни ҲХДТ ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ба муддати панҷ сол раиси Ҳизби Халқии Демоократии Тоҷикистон интихоб шуд. Лаҳзаи хотирмони дигар аз Анҷуман баёни суханрониҳои Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар фуроварди Анҷуман иброз дошт: “Ман Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро чун фарзандонам ва кули мардуми шарафманди Тоҷикистон дӯст медорам” ва қотеъона иброз намуд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садсолаҳо ба ин миллат, ба ин давлат ва наслҳои оянда хизмат мекунад».
Бояд иброз намоем, ки аз ноҳияи Ховалинг 12 нафар вакил дар конфронси 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба ҳайси вакил интихоб гардида, ба конфронси 12-уми вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд ва дар ин конфронс низ онҳо ба ҳайси вакил интихоб шуданд ва ба Анҷумани 13-уми Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод ва интихоб гардиданд.
С. Халилзода,
раиси ХХДТ дар нохия,
Ализода М.