Хабарҳо

ҶАВОНОН – ПОСДОРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ.

Фарҳанги миллӣ як рукни ҷудонашавандаи давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, василаи асосии муаррифии давлату миллат дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми ҷодаҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст.