Хабарҳо

Чеҳраи сиёҳе, ки мудом ниқобашро иваз менамояд

Чеҳраи сиёҳе, ки мудом ниқобашро иваз менамояд.

Ҳамагон хуб медонем, ки алъон сухан дар бораи чӣ ва кӣ меравад. Боз ҳамон хоинони миллат ва ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ.

Ҳамон чеҳраи сиёҳу манфур, ки мудом ниқобашро иваз намуда, бо ақоиди фиребандаю бепоя ва дур аз ҳакиқат мехоҳанд мисли бораҳои қаблӣ тавонад эътимоди халқ ва миллати тоҷикро ба даст оранд.

Вале кайҳо тирашон хок хӯрда миллон-миллон долларҳои бо мақсадҳои сиёҳу ғаразнок ҷудонамудаи хоҷагону саркардагони хориҷиашон ба боди фано рафтааст ва ин чоплусон то нафасҳои охирини умр дар зери бори ғурбату бекасӣ сазои ин қарзҳои беномусонаи дар гарданашон боргаштаро мекашанд.

Тавре аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ огаҳем нақшаҳои мардумфиребонаи ин душманони миллат дар оғоз бо таъсиси як ҳизби сиёсии дар анҷом экстремистию террористӣ, таъсиси равияҳои ваҳобӣ ва салафӣ, ташкили иттиҳоди мухолифини тоҷик дар хориҷ, роҳандозии як гуруҳи фирориёни асолати милллиашонро гумкарда бо номи «Гуруҳи 24» ва ҳамингуна мунтазам дар чеҳраашон даҳҳо ниқоби нав эҷод карда, танҳо як мақсаду идея ва як нияти сиёҳу бадхоҳонаро нисбати Ватани худ ва давлату миллати точик пиёда менамуданд.

Дар ин росто чанд моҳе қаблтар боз як тарҳи навро бо ниқоби навбати рӯи кор оварданд ва ин ҳам бошад ташкили боз як иттиҳоди дигар бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» аст, ки бо суханони подарҳавою беасос ва туҳмату буҳтон хостори сиёҳ кардани давлати ҷавону дар арсаи ҷаҳон эътирофгаштаи Тоҷикистон буд.

Ҷомеаи халқию демократии Тоҷикистон, ки аз моддаи аввали Коститутсия бармеояд, аллакай даҳсолаҳо боз ин бозиву найрангҳои сиёсиро, ки бо мақсади ба таври ғайриқонунӣ соҳиби давлату сарват гаштан мебошанд, хуб дарк намудаву аз тарафи донишмандону равшанфикрон, коршиносони масоили сиёсӣ ва дипломатӣ, намояндагони ҷавонону занон ва табақаҳои гуногунии аҳолӣ зери вокуниш ва таҳлилу баҳогузории ҳақиқӣ қарор гирифт. Дар натиҷа муайян гардид, ки ин ҳам ҳамон идеяи ТТЭ ҲНИ аст, ки бо ниқоби нав ва бо қарори Суди олии Тоҷикистон ҳамчун як иттиҳоди ҷудоихоҳ, тандраву радикалӣ ва иртиҷоиву мазҳабгаро ба рӯйхати Ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дохил карда шуд.

Акнун дигар ташкили ягон паймону иттиҳод ва ташкилот ё хизбу харакат, ки асосаш бо ақоиди куҳнаву озмудашудаи оппозитсиуни дар хориҷ қарордоштаи тоҷик тарҳрезӣ мегардад, наметавонад сулҳу суббот ва фазои амну озоди Тоҷикистони азизро халалдор намояд.

Ин ашхоси аз ғайбатгӯиҳои давлати имрӯзаи тоҷик ошӯфтаву дилбазаншударо мебояд, ки ҷиддан аз ин рафторашон ҷилавгирӣ намуда, бо дили софу нияти пок ба Ватани аҷдодӣ баргашта, назди халқи бузургашон самимона изҳори пушаймонӣ ва бахшиши гуноҳ намоян, ва як рӯзи дигар ҳам тавонанд дар хоки Ватани хеш умр ба сар баранд, лоиқи ин халқи бузург ва ин миллати ҳазорсола бошанд.

Омӯзгори ЛКТ-и н. Ховалинг Ф Акбаров