Хабарҳо

«Меҳри рахшони Ватан»

Китобҳои нав

«Меҳри рахшони Ватан»

Ба наздики китоби тозанашри адиб, узви Иттифоқӣ нависандагону журналистони Тоҷикистон аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон Амир Сайиди Мункӣ таҳти уновни «меҳри рахшони Ватан» аз чоп баромад.

Чуноне, ки дар пешгуфтори китоб муҳаррир Наср Бобои Сарфароз баён доштааст: «Агар бигӯем, ки Амир Сайиди Мункӣ ҷустуҷӯ, такопӯ, ташвишу тараддудро ихтиёран пешаи худ қарор додаст, иштибоҳе нахоҳем кард. ӯро дар Ховалинги кҳанбунёд, минтақаи Кӯлобу вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе чун устоди дилсӯзу эҷодкори соҳаи маориф, журналисти бомаҳорат, нависанда, шоир, муарриху бостоншинос медонанду маҳсули қаламашро бисёриҳо хонда иззату икромаш мекунанд.

Аз рӯзи ба қаламкашӣ сар кардан эҷоди шеър ҳам аз машғулиятҳои дӯстдоштаи ӯст. Инак, Ҳоҷӣ Амир Сайиди Мункӣ маҷмӯаи навини хешро аз шеър мураттаб сохтааст, ки ҳар яке аз он меҳру муҳаббат ва садоқати фарзандии ӯро ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик, Ватан-Модари азизу ягонаи мо Тоҷикистон собит месозад.»

Воқеан маҷмӯаи ба тозагӣ нашргардидаи устод Амир Сайиди Мункӣ пур аз шеъру таронаҳо дар васфи тараннуми Ватан, ободию озодии кишвар, истиқлолияту ваҳдат, хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат баҳри рушду ободии кишвар, муқаддасоти миллӣ, рӯбоиҳо баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ аст. Боварӣ дорем, ки ин китоб дар байни хонандагон, ҷавонону наврасон писандидатарин маҷмӯа баҳри тарғибу ташвиқи ватандӯстиву худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мегардад.

Фарҳод Давлатов.