Хабарҳо

Пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои савдои одамон масъалаҳои мубрами рӯз аст…

Пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои савдои одамон масъалаҳои мубрами рӯз аст…

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.

Барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои террористию экстремистӣ кӯшиш менамоянд, ки ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекор ва ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёздошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва дигарон ташкил медиҳанд.

Барои эмин нигоҳ доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳар як шахс, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз мафҳумҳои зерин бохабар бошад.

Экстремизм чист?-ин фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Терроризм чист?-Терроризм ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони шинохта, арбобони давлатӣ ва воқеӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ба молу амволи шахсию ҷамъиятӣ зарари калон расонида шуда, боиси хавфи ҳалокати одамони бегуноҳи зиёд мегардад. Инчунин, дар натиҷаи он сохти амниятии ҷамъият халалдор карда шуда ба он тарсу ваҳм ворид карда мешавад.

Террорист кист?-шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гунна шакл иштирок менамояд.

Бо сабаби хатари калони ҷамъиятӣ доштан фаъолияти террористию экстремистӣ дар ҳудуди аксар давлатҳои ҷаҳон манъ карда шудаанд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо аз қабили «Салафия», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Давлати Исломӣ», «Ҳаракати исломии Узекистон», «Гурӯҳи-24», «Алқоида», «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон» ва амсоли инҳо.

Ҳамватанони гиромӣ, мову шумо бояд ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилотҳоямон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунем.

Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳоднамудаи шахсони шубҳанок, ки мову шумо онҳоро намешиносем, бовар накунем.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ

сафҳояшонро таблиғ менамоянд, ба хусус аз имкониятҳои шабакаҳои интернет истифода намуда, бо фиристодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ (одноклласники, Фейсбук, Вайбер, Ватсап), ки мебояд ба ин паёмакҳо ҷавоб надиҳед ва ба даъватҳои ношинос ва шубҳаовар бовар накунед, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок худдорӣ намоед.

Дар чунин ҳолатҳо кушиш намоед, ки мушкилоти худро дар танҳои ҳал намоед ва ё ба Сафоратхонаву Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия муроҷиат намоед.

Бо кӯмаки онҳо шумо метавонед аз ҳолатҳои мазкур, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россияро огоҳ созед.

Донед, ки шахсони бегона метавонанд ба шумо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб намоянд.

Пеш аз сафар дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва хатарҳои террористию экстремистӣ машварат гиред.

Инчунин, яке аз хатарҳои дигар, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони мо хатар дорад, ин қурбонии савдои одамон гардидан маҳсуб меёбад. Шахсони алоҳида кушиш мекунанд, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба ҳар роҳу восита ба меҳнати сангин ва маҷбурӣ ҷалб намуда, онҳоро истисмор намоянд.

Ҳамзамон, хатари ба дигар шаклҳои истисмор, аз ҷумла истисмори шаҳвонӣ, гирифтани узвҳои бадан ва дигар, ки имкони гирифтор шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ҷой доранд.

Аз ин хотир, агар шумо дар хориҷи кишвар ҷойи кори аниқ надоред ва ба шахси даъватнамуда боварӣ надоред метавонед ба «Агентии ба кор таъминкунӣ дар хориҷа» муроҷиат кунед. Онҳо метавонанд дар хориҷи кишвар ба шумо ҷойи кори мувофиқ ва беҳтар пешниҳод намоянд.

Рауфзода Саймумин Тоҷиддин,

Мудири шуъбаи хадамоти муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия.