Бадхоҳон ба мақсад намерасанд!
Чуноне, ки ба кулли мардуми сайёра маълум аст, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои мақсадҳои шум ва ғаразонаи худ аз шаъну нуфӯзи дини мубини Ислом истифода мебаранду мехоҳанд мардумро ба тарафи худ ҷалб созанд, алалхусус ҷавонони камсавод ё аслан зудбовару гумроҳро, ки ин албата кори онҳоро барояшон муфидтар месозад. Пайравони ин гурӯҳҳои номатлуб асосан шахсони гумроҳу зудбовар буда бо шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳои номатлуб баъди чанд муддат пас ба ин гурӯҳҳо аз асрори пушти пардагии онҳо огоҳӣ пайдо мекунанд ва худ ба хулосе меоянд, ки чӣ қадар гумроҳ буданду боз гумроҳтар шудаанд.
Мисоли равшани асрори пушти парда ё ниқоби ин гурӯҳ ва шахсони бадкору бадкирдор, ки гуё пуштибон ва ғамхори дин ҳастанд, дуруғи маҳз буда, филмномае беш нестанд.
Мақсади ин нопокон соҳиби мансаб гардидану ғасби ҳокимият мебошад, ки барои пиёда намудани ин ҳадафҳои ғаразнокашон аз хоҷагони хориҷӣ ва дохилии худ маблағҳои зиёдеро ба даст меоранду аз пайи амали кардани амалҳои нопоки худ мешаванд. Дар ин бобат барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ оиди мақсадҳои ин гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо маврид ва дақиқ қайд намудан, ки: “Террорист дин, оин, мазҳаб ва миллат надорад.”
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки зиракии сиёсии хешро аз даст надода ба ҳар роҳу усул бахусус аз тарғиботу ташвиқот ва оммафаҳмонӣ, намоиши филмҳои мустанади вандӯстона доир ба корҳои пуштипардагии ин гурӯҳҳои террористию тундрав мардуми осоишта, ба хусус ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда барои ояндаи дурахшони худ камари ҳимат бибандем.
Сунатулло Сайфуллоев – мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия.