Хабарҳо

ҲНИ ҳаргиз ба мақсад намерасад!

ҲНИ ҳаргиз ба мақсад намерасад!
Баъд аз пош хурдани давлати Шӯравӣ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба дин пурра тағйир ёфта, тамоми шароитҳо барои рушду ривоҷи дин муҳайё буд.
Дар солҳои даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамаги 17 – адад масҷиди ҷомеа фаъолият мекард ва 30 – шаҳрвандон озими “ Хонаи Худо” гардида буданд. Имрӯз бошад дар мудати 28 соли истиқлолияти давлатӣ 4000 масҷидҳо фаъолият дошта, зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандон ба таври расмӣ дар дар дохил ва хориҷӣ кишвар таълими динӣ гирифта, дар донишкадаи исломии Тоҷикистон зиёда аз 1500 донишҷӯ таҳсил менамояд. Ғайр аз ин зиёда аз 20 китобу рисолаҳои гуногуни динӣ ба хусус Қуръони Карим тарҷума ва нашр карда шудааст. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби мо тоҷикон Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Имоми Аъзам ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Певои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ҳамчун яке аз рукнҳои асоси фарҳанг ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо вуҷуди ин гуфтаҳо дар даврони Истиқлолият дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҷунбишу ҳизбҳоои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд.
Тавре вақтҳои охир пура маълум шуд, ба ҷои таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва беҳбудии ҳаёти халқ баракс аз ҷониби ҲНИТ ва пайравони он бесарусомониҳо, ифоқа ва ҷудоиандозӣ ба тундгароию экстремизм ва ғасби ҳокимият кушидапанду танҳо дар сар фикри нооромиҳоро доранд.
ҲНИТ 4-уми декабри соли 1991 ташкил гардида, 28,09,1999 ва баъдан 15-октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта, мувофиқи оиномаи худ ҲНИТ аз ҳифзи Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва якпорчагии Тоҷикистон иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти терористию экстримистӣ доштаро содир намуда, боиси халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум мегардад.
Вале, набояд фаромуш сохт, ки аъзоёни ҲНИ ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Мардуми сарбалнди тоҷик дигар он мардуми содаю гумроҳи қарни гузашта нестанд ҷавонон имрӯзҳо зери сиёсати оқилонаю падаронаи Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебаранд.

Сардори бахши К ҲФ ва МГ-и н. Ховалинг
подполковник Сатторов И.