Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ
Мавзеи таърихӣ-табии Дараи Мухтор таърихи зиёда аз 400–сола дошта, аз маркази маъмурии ноҳияи Ховалинг дар масофаи 6 км дар қисмати шимолу ғарбӣ ҷойгир шудааст. Дараи Мухтор – зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ. Мавзеи мазкур чун дар гузашта ва имрўз низ зодгоҳи шахсони фозил, паҳлавонон ва далерону ҳунармандон мебошад. Восеии қаҳрамон дар ҳамин деҳа ба дунё омада дар ҳамин муҳити хеле солими фарҳангӣ ба камол расидааст. Соли 1988 ба муносибати ҷашни 100-солагии шӯриши Восеъ дар ин мавзеъ “Боғ-осорхонаи таърихи шӯриши Восеъ” таъсис дода шуд. Бо назардошти арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда дар роҳи меҳанпарастӣ, озодихоҳии фарзандони фарзонаи халқи тоҷик бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, дар пойгоҳи мавзеи таърихӣ-табии Дараи Мухтор “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” таъсис дода шуд. Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ аз осорхонаи таърихӣ-фарҳангӣ, ҷувозхона, боқимондаҳои хонаи Восеъ, чинорҳои чандинасра, дастниҳоли Восеи қаҳрамон – дарахти садда, чашмаи мусаффои Чирак ва мавзеи нотакрори табиӣ иборат мебошад.