Хабарҳо

Ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИ

Ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИ

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии амалҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани ҳисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд.

Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.

Терроризм ва экстремизм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гардид. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви комилҳуқуқи кишварҳои ҷаҳон нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарнок бетараф нест.

Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.

Ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст. Ин аст, ки решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлату миллат, вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамзамон, муассисаю ташкилоти дахлдор аз ҷумла, мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии насли ҷавон чораҳои зарурӣ андешанд, чунки ташаккулёбии ҷаҳонбинии шогирдон ба шахсияти устодон ва сифати таълиму тарбияи онҳо вобастагии зиёд дорад.

С.Давлатова – котиби матбуотии раиси ноҳияи Ховалинг