Нишони бедории табиату инсон
Наврӯз — Иди баҳор ва Соли нави аҷдодӣ, ҷашни баробаршавии рӯзу шаб ва оғози соли ҷадид, нишони бедории табиату инсон, покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав аст. Наврӯз — ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷик ва эронинажод (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, яъне, 1-уми моҳи ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол» низ меноманд.
Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
Ин ҷашн ҳанӯз то замони зардуштиҳо таҷлил мешуд. Дар давлати Ҳахоманишҳо (асрҳои VI-IV то қарни мо) ва Сосониҳо (асрҳои III —VII қарни мо) Наврӯз ҷашни аслӣ маҳсуб меёфт.
Чунин шуморида мешавад, ки решаи ин ҷашн аз Эрони қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми пайёмбари саршинос Зардушт бастагӣ дорад.
Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин ба шоҳ Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯиё дар ин рӯз ба вай нури офтоб расидааст. Вале қадимтарин манбаъе, ки дар он аз ҷашни Наврӯз зикр мешавад китоби муқаддаси зардуштиҳо “Авасто” мебошад. Тибқи таълимоти “Авасто” мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар “шаш намуд” (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.
Таҷлил аз наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар миёни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш қабл аз ҳузури ислом арзи ҳастӣ карда буд, бастагӣ дорад.
Тибқи он соли ҷадид баҳорон 20 ва 21 март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеъи ҳукмрон мешавад. Мавсими ҷадиди кишоварзӣ, замони интизориҳо ва умедвориҳои деҳқон оғоз мешавад.
Ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Аммо бо вуҷуди ин қадар ҷашни куҳан будани Наврӯз бадхоҳони миллат аз ҷумла аъзоёни ТЭТ ҲНИ намехоҳанд, ки ин ҷашни аждодӣ дар байни мардуми тоҷик қайд карда шавад, вале онҳо набояд фаромуш созанд, ки ҷашни Наврӯзро наметавонад бо суханҳои по дар ҳавои хеш мардумро фирефта гардонанд, зеро Наврӯз ҷашни байналмилалӣ буда, тамоми мардуми ҷаҳон ин идро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиаамон — Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонад.
Ҷашни Наврӯз 23-юми феврали соли 2010 дар 64-умин Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст».
Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчунин ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.
С.Давлатова – котиби матбуотии раиси ноҳияи Ховалинг