Хабарҳо

Мубориза бар зиддӣ амалҳои номатлуб

Мубориза бар зиддӣ амалҳои номатлуб

Дар замони муосир, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» валотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст. Ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакатамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла дар шароити муосир мубориза бар муқобили зуҳуроти ба монанди терроризм ва экстермизм номатлуб дар сатҳи ниҳоят ҷидди қарор дорад.

Дар давраи ҳозира, мутаассифона, дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Айни замон терроризму экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷавони муосирро ба ташвиш овардааст.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расиданд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк карданд.

Омӯзгорони мо вазифадоранд, ки дар машғулиятҳо ба дастпарваронашон ҳамарӯза талқин намоянд, ки аз ҳадафҳои нопоки хоинони миллат огоҳ бошанд, ба иғвои онҳо фирефта нашаванд. Илму дониши замонавиро азхуд намуда, баҳри пешрафти диёри азизамон саҳм гузоранд.

Раҳматулло Рабиев – Директори маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Ховалинг