Аксҳо Аҳолӣ Бахшу шуъбаҳо Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо Хабарҳо

Дар озумни «Кадбонуи беҳтарин» гулдухтарону бонувон маҳорати кадбонугии худро нишон доданд

Имрӯз дар ноҳия ба хотири гиромидошти рушди ҳӯнарҳои мардумӣ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур кадбонувон аз маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯёни колеҷи тиббӣ ва литсейи касбӣ-техникӣ ширакт намуданд. Иштирокчиён ҳунару маҳорати пазандагии худро мавриди намоиш қарор дода, навҳои гуногуни хӯроку таъомҳо ва шириниҳои миллиро пухта ба маърази дид гузоштанд.

Ҳайати комиссияи тадорукот аз ҳунару маҳорати гулдухтарону бонувони ҳунарманд дидан намуда, вобаста ба малакаи онҳо баҳогузорӣ карданд.

Дар ин озмун ташкилоту муассисаҳое, ки аз рӯи пухтупази навъҳои гуногуни хӯокҳои миллӣ ва дигар намудҳои шириниҳо ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Бояд иброз намоем, ки аз рафти намоиши озмуни «Кадбонуи беҳтарин», ки гулдухатарону бонувони ҳунарманди ноҳия ширкат карданд, шахсан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин дидан кард.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *