Аксҳо Изҳороти расмӣ Маълумотҳои кушода Наворҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Масъулини соҳоти гуногун ба суолҳои намояндагони ВАО посух доданд

Дар ноҳияи Ховалинг мувофиқи нақша имрӯз нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст ба ғайр аз намояндагони воситаҳои ахбори  омма муовинони раиси ноҳияи Ховалинг, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Дар нишаст муовини соҳаи идеологии раиси ноҳия Олимзода Олимхуҷа Шрифхуҷа оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба таври муфассал ҳисобот дод.

Сипас намояндагони воситаҳои ахбори  омма, ки аз ҳама рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои телевизионӣ ширкат доштанд, оиди фаъолияти соҳоти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, норасогиву камбудиҳои ҷойдошта ва дигар масоили рӯз ба иҷрокунандаи раиси ноҳия муҳтарам Намбизода Фаррухидин Амрудин суолҳо пешниҳод намуданд.

Набизода Фаррухидин Амрудин ва дигар масъулини соҳоти гуногун ба суолҳои намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ҷавобҳои қаноатбахшкунанда пешниҳод намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *