Аксҳо Аҳолӣ Раиси ноҳия Хабарҳо

Сафари кории Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг ба Ҷамоати деҳоти Шугнов.

 Рӯзи  9-уми феврали  соли ҷорӣ Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин барои шиносои ва дидан намудан аз  вазъи зимистонгузаронӣ, ҳолати таълим ва таъминоти муассисаҳоии таълимӣ ба Ҷамоати деҳоти Шунгови ноҳияи Ховалинг сафари кори анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар  сафари корӣ муовини якум, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Ҷ/д Шугнов, мудири бахши саноат, сардори роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва котиби матботии раиси ноҳияи Ховалинг  Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридинро  ҳамроҳи намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам  Набизода Фаррухиддин Амридин аз муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шугнов аз ҷумла,  литсей-интернат барои кудакони имконияташон маҳдуд, ятму пебарасторон, муассисаҳои таълимии №7,47,37 дидан намуда  бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озод оростанд,  роҳбарони муассисаҳои таълмӣ иттилоъ доданд, ки  шароиту имкониятиҳо барои зимистонгузаронӣ фароҳам оварда шуда, хонандагон пурра ба таълим фаро гирифта шудаанд.

  Дар охир Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин барои вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта, ба маъмурияти муассисаҳои таълимии  ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шугнов дастуру маслиҳатҳои зарурӣ доданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *