Аксҳо Аҳолӣ Хабарҳо

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Набизода Фаррухидин Амрудин кумак ба оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал гузоштааст

Имрӯзҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори  сулҳӯ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ниёзманди аҳолӣ ҳаматарафа аз  ҳисоби масъулин дастгирӣ ёфта истодаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин низ ин иқдому дастгириро пайваста ба роҳ монда истодааст ва кумак ба оилаҳои ниёзманд, шахсони бемору маъюб ва ятимону бепарасторонро дар мадди аввал гузоштааст.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯз бо ташаббуси бевоситаи иҷрокунандаи раиси ноҳия Набизода Фаррухидин Амрудин  ва дастгирии соҳибкорони бо нангу ори ноҳия  як оилаи эҳтиёҷманд аз Ҷамоати шаҳраки Ховалинг  дастгирӣ ёфт. Ин оилаи ниёзманд бо маводҳои ғизоӣ, аз қабили орд, картошка, пиёз, равған, биринҷ ва ғайраҳо таъмин гардиданд ва ба дастандаркорони ин кумак миннатдории беандоза баён намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *