Хабарҳо

Конференсияи ноҳиявии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг.

Конференсияи ноҳиявии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг.

Санаи 8-уми апрели соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки раис ва аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракати Ваҳдати миллии ноҳия конфренсияи ноҳиявии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Конференсияро муовини раиси Шӯрои ноҳиявии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Аҳрорзода Г. Ш оғоз бахшида ҳозиринро ба рӯзномаи конференсия шинос намуд.

Дар баробари ин муовини раиси Шӯрои ноҳиявии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аҳрорзода Г.Ш аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома баромад намуда, оид ба фаъолияти Шӯро дар семоҳаи аввали соли 2020 фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳаракати Ваҳдати миллӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, мавқеи Шӯрои ноҳиявии ҳаракат дар баланд бардоштани маърифатнокии фарҳангию тандурустӣ ва маънавии аҳолӣ, солимии ҷомеа танзими расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, иҷрои Барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва ободу зебо гардонидани ноҳия маърӯза намуд.

Инчунин аз рӯи масъалаи дуюм ва сеюм котиби Шӯрои ноҳиявии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Олимов О баромад намуда, қайд намуд, ки бо сабаби иваз гардидани аъзоёни Шӯрои ноҳиявии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг моро лозим аст, ки аъзоён ва раиси Шӯроро дар ҳайати нав интихоб намоем.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Исозода Д оид ба масъалаҳои мазкури конференсия ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки барои пойдории  Ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имрӯз дар Тоҷикистони биҳиштосои мо сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор аст ва моро лозим меояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расем ва шукронаи Истиқлолияти давлати Тоҷикистонро кунем.

Ҳамзамон қайд намуд, ки дар соли сипаригардида зимни сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг маркази ноҳия ба шаҳрак табдил дода шуд, ки ин аз устувории Ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳад.

Дар охири конфренсия раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам оид ба масъалаҳои дар конфренсия дарҷ гардида ибрози андеша намуда қайд намуд, ки шукронаи Пешвои муаззами миллат ва Истиқлолияти давлатиро намуда, баҳри боз ҳам гулгулшукуфии Ватану диёри хеш камари ҳиммат бубандем.