Хабарҳо

Ситоди  назоратии назди раиси ноҳия.

Ситоди  назоратии назди раиси ноҳия.

Аз 09.04.2020с. н. Ховалинг.

Дар ситод раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобоназаров Искандар, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Вохӯриро раиси ноҳия оғоз намуда, оиди хавфу хатари бемории сироятии коронавирус ибрози андеша намуд.

Баъдан Гулбарг Аҳрорзода қайд намуд, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад.

Дар рафти ситод ба Алиев А. сардухтури санитарию эпидемиологӣ супориш дода шуд, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда, то бегоҳ тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимиро санҷида нисбати камбудиҳои ҷойдошта гузориш пешниҳод намояд.

Дар охир раиси ноҳия ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оиди пешгири паҳншавии бемории коронавирус супоришҳо доданд